ИСТИФОДА ШУДАНИ КЛАССИФИКАТОРҲОИ ОМУЗИШИ МОШИНЙ ДАР МУАЙЯН КАРДАНИ СИФАТИ СИГНАЛ ДАР ПРОЦЕССХОИ ТЕХНОЛОГИ ПАРАМЕТРИИ

Муаллифон      Иброҳимов У.М. – PhD, дотсент, Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Бухоро, ш. Бухоро, Ӯзбекистон, ciulugbek@list.ru  Чакида   Дар мақолаи мазкур мафҳумҳои асосӣ ва усулҳои истифодашаванда ҳан-гоми ҳалли масъалаи тасниф дар омӯзиши мошинӣ баррасӣ мегарданд. Таърифи тасниф ҳамчун раванди мансуб донистани объектҳо ба синфҳои муқарраршуда бо такя ба таҳлили аломатҳои объектҳо оварда мешавад. Мисолҳои таснифи дусинфа ва бисёр-синфа оварда мешаванд. Дар мисоли сохтани таснифгари оддитарини сигналҳо бо ёрии дарахти қарорҳо раванди эҷоди таснифгар ва таҳлили самаранокии он дар асоси маълу-мотҳои санҷишӣ бо истифода аз матритсаи хатогиҳо ва нишондиҳандаҳои сифат, аз қабили…

Read More

ИСТИФОДАИ СИСТЕМАХОИ ХУДИДОРАКУНӢ ДАР ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БА ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲҲО

Муаллифон    Адизова М.Р. – ассистенти кафедра, Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Бухоро,Бухоро, Ӯзбекистон, madinabonuadizova@gmail.com   Чакида   Дар мақолаи мазкур масъалаи истифодаи системаҳои худназорат ҳангоми таълими технологияҳои иттилоотӣ ба донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ карда мешавад. Корҳое, ки оид ба истифодаи системаҳои худназорат дар раванди таълими технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ анҷом дода шудаанд, таҳлил карда шудааст. Камбудиҳои усулҳои анъанавии арзёбии дониши донишҷӯён омӯхта шудааст. Самаранокии истифодаи назорати компютерӣ барои ҳалли вазифаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд карда мешавад, ки имрӯз барои санҷидани дониши донишҷӯён усулҳои гуногун ва воситаҳои зиёд,…

Read More

ОМИЛҲОИ УСТУВОРӢ НИЗОМИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ УМУМИИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДА

Муаллифон    Қобилов Ш.С. — номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи доцент, дотсент, кафедраи системаҳои идоракунии автоматӣ, Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kabilov.shavkat@yandex.ru   Назаров А.Ш. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоотӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, akbarnazarow@yndex.ru  Чакида Дар мақола омилҳо ва шароитҳои таъмини устувории низоми иттилоотии идоракунии (НИИ) муассисаи таълимии умумӣ оварда шудааст. Махсусан, диққат ба зарурати таҳияи механизми ташкилии коркарди НИИ ва дастгирии молиявии он равона карда шудааст. Омилҳои устувории низоми иттилоотии…

Read More

МУАЙЯНКУНИИ КАМТАРИН ИНТИХОБИ АНДОЗАИ КАЛИМА БАРОИ МОНАНДКУНИИ МАТН

Муаллифон            Худойбердиев Х.А. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, мудири кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.            Қосимов А.А. – сармуаллим, кафедраи барномасозӣ ва низомҳои  иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С. Осимӣ.  Чакида       Камтарин интихобкунии андозаи калима, барои шинохти муаллифи матни тоҷикӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳои таҷрибавӣ бо камтарин интихобкунии андозаи калима барои шинохти муаллифи матн баён шудааст. Калидвожаҳо забони тоҷикӣ, калима, триграмма, басомади вохӯрӣ,…

Read More

АЗ БАЙН БУРДАНИ ҲАМГУНАГИИ МОРФОЛОГИИ КАЛИМАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АСОСИ УСУЛИ БАСОМАДӢ

Муаллифон          Усмонов З.Ҷ. – академик, доктори илмҳои физикӣ – математикӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ          Довудов Г.М. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  Чакида Дар асоси коркарди омории маҷмӯи матнҳо, намудҳои ҳамгунагии морфологии калимаҳои забони тоҷикӣ муайян карда шудаанд, хусусияти бисёрмаъноии морфологии онҳо шарҳ дода шудааст, қоидаи аз байн бурдани ҳамгунагии морфологӣ муайян карда шуда, самаранокии татбиқи усули басомадӣ тасдиқ шудааст. Калидвожаҳо забони…

Read More

ОИД БА МАҶМӮИ АНАГРАММАҲОИ АСАРҲОИ К. ХУҶАНДӢ

Муаллифон         Худойбердиев Х. А. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, мудири кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд           Қосимов А. А. – сармуаллим, кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  Чакида       Мақолаи мазкур ба омӯхтани намунаҳои миқдорӣ, ки дар анаграммаҳои асарҳои К. Хуҷандӣ дар забони тоҷикӣ-форсӣ бо графикаи кириллӣ истифода шудааст, бахшида шудааст. Бо истифодаи кодиронии махсуси калимаҳо,…

Read More

СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ МТОК ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНОТИ СИФАТИ ТАҲСИЛ

Муаллифон       Мақсудов Х. Т. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, дотсент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд        Солиев П. А. – ассистент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд   Чакида    Маълумот оид ба системаи иттилоотии идоракунӣ дар ДПДТТ оварда шудааст. Инчунин дар мақола нишон дода шудааст, ки дар замони ҳозира зери мафҳуми Системаи итиилоотии идоракунӣ (СИИ) аллакай системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи идоракунии муасиссаи таълимии олии касбӣ (МТОК), ки маҷмӯи воситаҳои ташкилӣ, техникӣ, таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ…

Read More

БАҲОДИҲИИ САМАРАБАХШӢ ИСТИФОДАБАРИИ УНИГРАММА ДАР МОНАНДКУНИИ МАТНҲО

Муаллифон      Худойбердиев Х. А. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, мудири кафедраи  барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ дар шаҳриХуҷанд      Қосимов А. А. – сармуаллим – кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ дар шаҳриХуҷанд   Чакида    Таҳқиқот оиди имконияти  истифодабарии меъёри ягонагии Н.В.Смирнов ва ба шакли дигар даровардашудаи он, барои шинохти муаллифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои униграмма гузаронида шуд. Муайян карда шудааст, ки ин меъёр ва тағйирдиҳандаи он имкон медиҳад,…

Read More

ШАБАКАҲОИ НЕЙРОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ТАРҶУМОНИ МОШИНӢ

Муаллифон        Солиев П.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.    Қосимов А.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ. Чакида    Натиҷаҳои таҷрибаҳои гузаронидашуда оид ба истифодаи шабакаҳои нейронӣ дар тарҷумони мошинӣ баррасӣ карда мешаванд. Принсипи умумии кори барномаи тарҷумони мошинӣ ва мушкилоте, ки дар ба даст овардани матни тарҷумашавандаи дуруст ҳангоми истифодаи тарҷумаи мошинӣ шарҳ дода шудаанд. Исбот карда мешавад, ки ҳангоми пайваст кардани…

Read More

ТАФТИШИ АВТОМАТИИ ГРАММАТИКИИ МАТНҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Муаллифон       Солиев О.М. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ         Довудов Г.М. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.  Чакида  Дар мақола дар асоси омӯзиши хатогиҳои дар матнҳои бо забони тоҷикӣ таҳияшуда, хатогиҳои грамматикӣ гуруҳбандӣ карда шуданд. Дар асоси таҳлили қоидаҳои грамматикии барои забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ муайянкардашуда, гуруҳи қоидаҳои забони тоҷикӣ…

Read More