Муаллифон: Назаров А.А
Муаллифон
Назаров А.А. – Корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, anazarov_mtm@rambler.ru.
Чакида
Ҷанбаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалии консепсия, моҳият ва нақши иқтисоди рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии системаи иқтисодии минтақавӣ баррасӣ карда мешаванд. Рӯйхати шартҳои ташаккул ва татбиқи нақшаи стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва гузариш ба банақшагирии стратегии системаи идоракунии иқтисодии минтақа таҳлил карда шудааст. Аниқ гардидааст, ки фаъолияти идоракунии минтақавӣ бояд қавӣ бошад ва тибқи қонунҳои асосии рушди системаи бозории идоракунӣ ба роҳ монда шуда, танзими оптималии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити тағйирёбандаи бозор таъмин карда шавад. Таъкид мешавад, ки ҳадафи асосии истифодаи ҷузъҳои иқтисоди рақамӣ баланд бардоштани самаранокии системаи иқтисодӣ тавассути сарфаи вақт дар амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва озодкунии нисбии меҳнат, ба даст овардани арзиши сифатӣ аз ҳаҷми афзояндаи иттилоот мебошад. Ин имкон медиҳад, ки қарорҳои оптималии идоракунӣ ва схемаҳои сохтори идоракунии объектҳо дода шавад. Дар асоси баррасии намунаҳои фаъолияти иқтисодии созмонҳо хулоса карда шудааст, ки самаранокии татбиқи иқтисоди рақамӣ дар системаи иқтисодӣ аён аст ва татбиқи консепсияи иқтисоди рақамӣ дар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ рушди устувори иқтисодиёти минтақа ва кишварро таъмин мекунад.
Калидвожаҳо
системаи иқтисодӣ, иқтисоди рақамӣ, бозор, танзими давлатӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, омилҳо, механизм, стратегия, идоракунӣ.
Забон
тоҷикӣ
Намуди мақола
илмҳои иқтисодӣ
Сол
2020
Саҳифа
34-46
Рӯйхати сарчашмаҳои истифодашуда
- Анвари Н. Переход на цифровой формат государственного управления в Таджикистане в рамках Национальной стратегии развития РТ на период до 2030 года//Материалы 26-го экономического и экологического форума (Прага, 5-7 сентября, 2018 г.). Прага, 2018. – С. 88-92.
- Баранов Д.Н. Сущность и содержание категории «цифровая экономика». Вестник Московского университета им. С.Ю. Витте. Серия 1: экономика и управление – 2018. – № 2 (25). – С. 15-23.
- Василенко Н.В. Цифровая экономика: концепции и реальность//Инновационные кластеры в цифровой экономике: теория и практика: труды научно-практической конференции с международным участием (17–22 мая 2017 года). – СПб.: Изд-во Политехн. ун-та, 2017. – С. 147-151.
- Доровской С.Б. Система регионального хозяйствования как экономическая категория: сущность и содержание//⦁ Известия Южного федерального университета. Технические науки. ⦁ Социальная и экономическая география. – 2006. – №17. – С. 24-28.
- Мозговой А.И. Повышение эффективности управления за счет цифровизации экономики//Вестник евразийской науки. – 2018. – №5. – С. 33-41.
- Концепция цифровой экономики в Республике Таджикистан. Утверждена постановлением Правительства Республики Таджикистан от «30» декабря 2019 года, № 642 (http://www.adlia.tj/show_doc. fwx?Rgn=135392).
- Применение электронного правительства для формирования устойчивого и гибкого общества: исследование ООН: Электронное правительство 2018. Департамент по экономическим и социальным вопросам/ОРГАНИЗАЦИЯ ОБЪЕДИНЕННЫХ НАЦИЙ.- Нью-Йорк, 2018 publicadministration.un.org.
- Что такое цифровая экономика? Тренды, компетенции, измерение. Докл. к XX Апр. междунар. науч. конф. по проблемам развития экономики и общества, Москва, 9–12 апр. 2019 г. Нац. исслед. ун-т «Высшая школа экономики». — М.: Изд. дом Высшей школы экономики, 2019. — 82 с.
Таърихи нашр
Душанбе,05 Июн 2023