НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРА БАРОИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲО (НИИҲ) ДАР МТОК

Муаллифон

           Солиев П.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, psoliev@gmail.com.

       Худойбердиев Ҳ.А. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, дотсент, кафедраи  барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон tajlingvo@gmail.com.

  Чакида

  Рушди ҷомеаи муосир бо афзоиши ҷараёни иттилоот вобаста аст, ки ба зиёд шудани ҷараёни ҳуҷҷатҳо оварда мерасонад. Ин мушкилотро дар корхонаҳо метавон бо ҷорӣ намудани идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳал намуд. Вақте, ки сухан оид ба самаранокии идоракунӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ меравад, бисёртар савол оид ба зарурати гузариш ба идоракунии электронии ҳуҷҷатҳо ба миён меояд. Идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ системаи кор бо ҳуҷҷатҳо дар асоси қоидаҳои дохилӣ, номенклатураи ягонаи парвандаҳо мебошанд, ки ин ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ таҳия, иҷро ва нигоҳдорӣ мешаванд. Дар мақола натиҷаҳои умумӣ, ки дар пояи низоми иттилоотии идора мавриди автоматикунонии гардиши ҳуҷҷат дар МТОК баррасӣ карда шудааст. Дар асоси сохтори назариявии гардиши ҳуҷҷат дар МТОК имкониятҳои функсионалии низоми коркард шуда, шарҳ дода шудааст. Инчунин, сохтори таъминоти барномавӣ, ки дар ДПДТТХ истифода мешавад ва аз якчанд модулҳо иборат аст, бо тафсири кӯтоҳи ҳар як модул шарҳ дода шудааст. Инчунин вазифаҳои асосие, ки НИИҲ иҷро мекунад, инҳоянд: таъмини идоракунии самарабахш ва шаффофияти фаъолияти корхона дар ҳамаи сатҳҳо, ҷамъоварии иттилоот, идоракунии маълумот ва танзими дастрасӣ, ба расмият даровардани фаъолияти ҳар як корманд, оптимизатсияи равандҳои корӣ, сарфа кардани захираҳо тавассути кам кардани хароҷоти идоракунии ҳуҷҷатҳои коғазӣ.

Калидвожаҳо

   низоми иттилоотӣ, идораи гардиши ҳуҷҷатҳо, модели назариявӣ, сохтори таъминоти барномавӣ.

Забон 

тоҷикӣ

Намуд

техникӣ

Сол

2019

Саҳифа

20

Таърихи нашр

09/22/2023