МУАЙЯНКУНИИ МУАЛЛИФИ АСАРҲОИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ БО ВОСИТАИ ТРИГРАММАҲОИ РАМЗӢ

Муаллифон 

        Солиев О.М.номзади илмҳои физикӣматематикӣ, омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,  ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, osoliev@gmail.com.

          Қосимов О.А.ассистент, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон oqosimov9293@gmail.com.

Чакида

       Муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии триграммаҳои забони русӣ дар асарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ин муайянкунандаи муаллиф аст. Барои муайянкунии муаллифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои триграмма ва имконияти истифодабарии таснифгари Усмонов З.Ҷ. таҳқиқот гузаронида шуд. Роҳҳо, мақсад ва имкониятҳои таснифгари Усмонов З.Ҷ. оварда мешаванд. Симои рақамӣ ва фазои ченаки асарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ сохта шудаанд. Бо мақсади ягонагии эҷодиёти муаллиф, қимати ченаки муқоисакунанда муқаррар карда мешаванд, ки дар асоси он ягонагии синфҳои асарҳо муайян мешаванд. γ-таснифгари бузургии тасодуфии фосиладор, ки самаранокии баландро дар муайян кардани муаллифи асарҳои шоирону нависандагони форсу тоҷик нишон дода буданд, барои муайян кардани муаллифи асарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ тафтиш карда мешаванд.

Калидвожаҳо

  забони русӣ, асарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, триграмма, таснифгар, басомади вохӯрӣ, омор, самаранокӣ.

 

Забон 

тоҷиқӣ

Намуд 

техникӣ

Сол

2019

Саҳифа

28

Таърихи нашр

09/22/2023