Муаллифон
Солиев О.М. – номзади илмҳои физика-математика, омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, osoliev@gmail.com
Назаров А.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, n.abdusamad@hotmail.com
Ашӯрова Ш.Н. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sh.nurulloevna@gmail.com
Чакида
Забони тоҷикӣ яке аз гурӯҳҳои оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад. Бо забони тоҷикӣ халқҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистон гуфтугӯ мекунанд. Лекин танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарфҳо дар асоси системаи хатти кириллӣ навишта мешаванд. Стандарти ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ барои стандарти Юникод бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 330 аз 2 августи соли 2004 муайян карда шудааст. Барои мамлакатҳое, ки дар он теъдоди истифодабарандагони системаҳои компютерӣ бо забони маҳаллӣ кам мебошад, барномаҳои маҳаллигардонӣ ва тафтиши имло аз тарафи ширкати Microsoft коркард карда нашудааст. Дар мақола методҳо ва модулҳои тафтиши имлои ҳуҷҷатҳои матнӣ, ки дар асоси онҳо низоми автоматии тафтиши имлои матн бо забони тоҷикӣ TajSpell – дар маҷмӯи барномаҳои MS Office коркард карда шудааст, шарҳ дода шудааст. Сохтори мантиқии низоми тафтиши автоматии имлои забони тоҷикии TajSpell бо ҳамбастагии модулҳои барномаҳои MS Office намоиш дода шудааст. Инчунин манбаи додаҳои морфемаҳо ва постфиксҳо, ки шакли нави калимаҳоро ҳосил карда, барои истифодабаранда имконияти тафтиши имлоро фароҳам меоваранд, муҳокима карда шудаанд.
Калидвожаҳо
низоми автоматӣ, методҳо, тафтиши имло, луғат, морфемаҳо, ҳуҷҷатҳои матнӣ, TajSpell.
Забон тоҷикӣ |
Намуд техникӣ |
Сол 2021 |
Саҳифа 15-20 |
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
-
- Усманов З.Д., Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М. Автоматическая система TajSpell-2.0. для проверки орфографии таджикского языка в офисном пакете приложений MS Office 2010-2019 // Свидетельство о государственной регистрации информационного ресурса, Республика Таджикистан 30.07.2020, №4202000456
- Усманов З.Д., Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М. Таджикский языковой пакет для проверки орфографии в Microsoft Office // Свидетельство о регистрации интеллектуального продукта № 4201200235, от 04.10.2012 г. Национальный патентно-информационный центр Министерства экономического развития и торговли РТ.
- Усманов З.Д., Довудов, Г.М. Формирование базы морфов таджикского языка: монография / – Душанбе: Дониш, 2014. – 109 с.
- Усманов З.Д., Довудов, Г.М. Морфологический анализ словоформ таджикского языка: монография. – Душанбе: Дониш, 2015. – 132 с.
- Худойбердиев Х.А., Солиев О.М. Лингвистический тезаурус таджикского языка. Новые информационные технологии в автоматизированных системах. МИЭМ НИУ ВШЭ. Москва, 2017, 268с. (103-106).
- Худойбердиев Х.А. Об автоматическом конвертировании таджикского текста к стандартной графике Доклады Академии наук республики Таджикистан, Том 57, 2014. № 3. 210-214с.
Таърихи нашр
2023-10-02