ИНКИШОФИ КОРПУСИИ САДОИ ТОҶИКӢ БАРОИ ХАЛЛИ БАЪЗЕ МАСЪАЛАХОИ ЗАБОНШИНОСИИ КОМПЬЮТЕР

Муаллифон

        Худойбердиев Ҳ.А. – номзади илмҳои физики-математикӣ, дотсент, кафедраи барномасозй ва системахои информационй, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, tajlingvo@gmail.com 

      Музафаров Д.З. – номзади илмҳои физики-математикӣ, дотсент, кафедраи барномасозӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muzafarov.dilshod@gmail.com

      Ашӯрова Ш.Н. – муаллими калон, кафедраи барномасозӣ ва системахои информационй, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shnurulloevna@gmail.com

 

Чакида

  Дар мақола консепсияи илмӣ ва марҳилаҳои нақшагирӣ оид ба таҳияи корпуси овозии забони тоҷикӣ пешниҳод гардидааст. Ҳадаф аз эҷоди чунин корпус – ҳалли масъалаҳои муҳими лингвистикаи компютерӣ, ки бо идоракунии овозӣ, синтез ва эътирофи нутқ алоқаманданд. Муаллифон коркарди нокифояи ин масъалаҳоро барои забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои англисӣ ва русӣ қайд мекунанд. Усулҳои асосии пешниҳодшуда коркарди худкори унсурҳои матн, таҳлили пешакии иттилооти овозӣ ва ташкили базаи иттилоотии корпусро дар бар мегиранд. Нақша гузошта шудааст, ки корпус бо ҳаҷми 1000 соати сабтҳои гуногуни нутқ аз гӯяндагони гуногун бо дарназардошти синну сол ва ҷинс таҳия гардад. Сипас, дар асоси корпус модулҳои барномавӣ барои коркарди он, аз ҷумла барои идоракунии овозии воситаҳои компютерӣ ва синтези худкор ва эътирофи нутқ коркарда мешаванд. Роҳҳои пешниҳодшуда ба усулҳои муосири амсиласозии математикӣ, таҳлили иттилоот ва технологияҳои ҳушманди сунъӣ асос ёфтаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, маориф ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи васеъ пайдо карда метавонанд. Қайд карда мешавад, ки татбиқи роҳи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими коркарди нутқи тоҷикӣ аз қабили идоракунии овозӣ, синтез ва эътирофи худкор ҳал карда шаванд. Корпуси коркардашуда метавонад ба сифати заминаи асосӣ барои таҳқиқот ва корҳои тараққиёти соҳаи лингвистикаи компютерӣ дар мавриди забони тоҷикӣ хизмат намояд.

Калидвожаҳо

забони тоҷикӣ, корпуси забонӣ, корпуси овозӣ, таҳлили иттилооти овозӣ, технологияҳои нутқ.

Забон

тоҷикӣ

Намуд

техникӣ

Сол

2023

Саҳифа

13

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Таджикский языковой пакет для проверки орфографии в Microsoft Office. Усма-нов З.Д., Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М. // Патент зарегистрирован 4201200235 от 04.10.2012. НПИЦ Министерства экономического развития и торговли РТ.
  1. Усманов З.Д., Довудов Г.М. Формирование базы морфов таджикского языка. Монография. – Душанбе: «Дониш», 2014. -110 с.
  1. Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной кла-виатуре. Монография. Технологический университет Таджикистана. –Душанбе: «Ир-фон», 2010. -104 с.
  1. Усманов З.Д., Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М. Автоматическая система TajSpell-2.0. для проверки орфографии таджикского языка в офисном пакете приложений MS Office 2010-2019. – Свидетельство о государственной регистрации ин-формационного ресурса, Республика Таджикистан. №4202000456 от 30.07.2020
  1. Усманов З.Д., Худойбердиев Х.А., Опыт компьютерного синтеза таджикской речи по тексту. Монография. Технологический университет Таджикистана Худжанд-ский филиал. Монография. –Душанбе. «Ирфон», 2010, -145 с.
  1. Усмонов З.Ҷ., Худойбердиев Х.А. Низомҳои худкори коркарди маълумот бо забо-ни тоҷикӣ. Монография. –Хуҷанд. «Ирфон», 2022. -186 с.
  1. Худойбердиев Х.А. Web-приложение “Автоматические системы обработки ин-формации на таджикском языке” www.tajlingvo.tj. – Свидетельство о государственной регистрации информационного ресурса, Республика Таджикистан. №4202200496 от 28.04.2022.
  1. Худойбердиев Х.А., Солиев О.М., Солиев П.А., Довудов Г.М., Назаров А.А. Web-приложение таджикский переводчик www.tarjumon.tj. – Свидетельство о государствен-ной регистрации информационного ресурса, Республика Таджикистан. №4202100482 от 03.12.2021

Таърихи нашр

2023-09-25