Муаллифон
Сайдуллоев У.Ӯ. – унвоҷӯ, кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Чакида
Дар мақола масъалаҳои рушди хизматрасонии телевизиони рақамӣ баррасӣ шудааст. Таҳлили услубҳои баланд бардоштани рақобатнокии шабакаҳои телевизони ноқили гузаронида шудааст. Тарафҳои мусбати ҳамкориҳои давлатию – инфиродӣ ва намудҳои моликияти омехта, ки барои баланд бардоштани самаранокии ворид намудани телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, тавсия шудааст. Рушди шабакаҳои телевизиони рақамии ноқилӣ ва ворид намудани хизматрасониҳои иловагӣ, ки барои истифодабарии захираҳои мавҷуд будаи шабакаҳои телевизионӣ имконият медиҳад, аз нуқтаи назари иқтисодӣ арзёби гардидааст.
Калидвожаҳо
хизматрасониҳои телевизиони рақамӣ, шабакаҳои телевизиони ноқилӣ, даромаднокӣ, пахши рақамӣ
Таърихи нашр
2023-10-26