Муаллифон
Комилӣ М.М. – Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чакида
Дар асоси таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии нишондиҳандаҳои асосии ноҳия соҳаҳои пешбари он муайян карда шуданд, ки афзоиши устувори иқ-тисодиётро таъмин месозанд. Асоснок карда шуд, ки таъсисёбии корхонаҳои зиёди муштарак ва ватании саноатӣ дар даҳсолаи охир боиси баланд шудани сатҳи дивер-сификатсияи истеҳсолии ноҳия гашт ва ба гузаштан аз модели аграрӣ – саноатӣ ба модели саноатӣ – аграрии рушди иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров замина гузошт. Дар хулоса муалиф қайд намуд, ки рушди минбаъдаи ноҳия дар асоси роҳҳои пеш-гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада, он барои зина ба зина баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, дар доираи чор ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар тарҳрезӣ мегардад ва барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида хоҳанд шуд.
Калидвожаҳо
рушди иқтисодӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзои-ши устувор, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, диверсификатсияи истеҳ-солӣ, модели аграрӣ –саноатӣ, модели саноатӣ – аграрӣ
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Семыкин В.А., Сафронов В.В., Терехов В.П. Диверсификация региональной экономики как социально-экономический инструмент ее индустриального развития. // Вестник Курской государственной сельскохозяйственной академии. № 8, 2014. С. 2 –
- Национальная стратегия развития республики Таджикистана на период до 2030 года // Утверждено Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 1 декабря 2016 года, № 636. – Душанбе: «КОНТРАСТ», 2016. 44 с.
- Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 июли соли 2006, № 288.
- Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ҷамоатҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар давраи то соли 2015. Хуҷанд, 2006.
- Стратегияи рушди ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд. Хуҷанд, 2006.
Таърихи нашр
2023-10-26