Муаллифон
Аминов Ф.А. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи сохтмон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик М.С Осимӣ
Чакида
Дар мақолаи мазкур асосноккунии иқтисодӣ ва технологии истифодаи партови соҳаи истеҳсолоти алюминий – гили калсиронидашуда дар таркиби сементи сохтмон оварда шудааст. Иловаи 15% ин мавод, ки партови ашёи боксит дар истеҳсоли алюминий мебошад, имконият медиҳад, ки хосиятҳои физикӣ, механикӣ ва химиявии семент хеле беҳтар шавад, арзиши аслии семент кам шуда, партови корхона самаранок истифода шавад. Яке аз камбудиҳои маҳлули сементӣ ин гигроскопӣ будани маҳсулоти тайёршуда мебошад. Иловаи гили калсиронидашуда дар фоизи муайян имконият медиҳад, ки ин камбудӣ ислоҳ шуда, хосияти хунукитобоварии маҳсулоти дар таркибаш сементбуда хеле беҳтар шавад. Самараи иқтисодии ҷорӣ намудани ин технология дар истеҳсолот ҳисоб карда шуд. Бо назардошти пешсафии Тоҷикистон дар истеҳсоли семент дар минтақа ва дурнамои истеҳсоли алюминий, давлат метавонад фоидаи назарраси иқтисодӣ ва экологӣ ба даст оварад.
Калидвожаҳо
семент, маҳлул, гили калсиронидашуда, партов, саноат, боксит, хусусиятҳои химиявӣ, физикӣ, механикӣ, озмоиш, намуна, хосияти гигроскопӣ, алюминий, экология, самараи иқтисодӣ
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Ludwing H. Zemente furnachhaltige Betone // Ibasusil/ – Weimar, Deutschland, 2015, Band 2. – P. 7 – 32.
- Шульце С.Е., Рикерт Й. Свойство цементов с прокаленными глинами в качестве основного компонента // Цемент и его применение. 2016, № 1. – С. 152 – 156.
- Скибстед Й., Даи З., Расмуссен К.Е., Гарг Н. Термическая активация и пуццолановая активность кальцинированных глин для использования в портландцементах с добавками // Цемент и его применение. 2016, № 1. – С. 144 – 151.
- Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2018.
- http://hardstones.ru/aktualnye-ceny-za-1-kubicheskij-metr-betonnoj-smesi.html. (дата обращения: 07.10.2018).
Таърихи нашр
2023-10-26