Муаллифон
Аминҷонова М.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраииқтисодиёти саноатӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muhiba7788@gmail.com
Чакида
Ҷанбаҳои институтсионалии баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва татбиқи самарабахши лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ карда мешавад. Дар ҳалли масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳо нақши муҳим дорад. Ҷузъи муҳимми он ҷолибияти сармоягузорӣ мебошад, ки бо омилҳои мухталиф – муҳити институтсионалӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва ғайраҳо таъсир мерасонад. Ҷанбаҳои институтсионалии мушкилоти ҷолибияти сармоягузории минтақа, равишҳои амалии ҳалли он бо истифода аз мисоли вилояти Суғд аз мавқеи таъмини рушди устувор омӯхта мешавад. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандкунӣ барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории бахши тиҷорати минтақа бо ниҳодҳои низоми бозорӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа пешниҳод карда мешаванд.
Калидвожаҳо
сармоягузорӣ, минтақа, ҷолибияти сармоягузорӣ, муассисаҳо, тиҷорат, бахши соҳибкорӣ
Таърихи нашр
2023-10-26