ТАҲЛИЛ ВА БАҲОГУЗОРИИ ОМИЛҲОИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲО ДАР АСОСИ ИДОРАКУНИИ ХАРОҶОТ

Муаллифон

 

Авезова М.М. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru

Қаюмова А.А. – ассистент, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, aziza_abduvalievna@mail.ru

 

Чакида

 Дар мақола таҳлили омилҳои самаранокии корхона дар асоси идоракунии хароҷот аз рӯйи се самт оварда шудааст: омилҳои хосияти миллидошта, хосияти минтақавидошта ва омилҳое, ки самаранокиро дар сатҳи корхона таъмин менамоянд. Омилҳои дохилии корхона идорашаванда буда, диққати аввалиндараҷа ба зиёдкунии ассортименти корхона,  беҳтаргардонии базаи моддӣ-техникӣ ва ҷобаҷогузории меҳнат дода мешавад. Амсилаи иқтисодӣ-математикии вобастагии самаранокии фаъолияти корхона аз моддаҳои хароҷот вобаста ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ коркард гардид. Исбот карда шуд, ки таъсири бештарро ба сатҳи даромад аз фурӯши маҳсулот пардохтҳо ба буҷет, хароҷот барои омодасозӣ ва азнавомодасозии кадрҳо ва хароҷоти маркетингӣ мерасонанд. Азнавсозӣ ва модернизатсияи истеҳсолот боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дар бозор серталаб гардида, самаранокии истеҳсолотро тавассути баланд бардоштани самара аз миқёс мебардорад. Натиҷаи тадқиқотро метавон дар ҷараёни таҳияи қарорҳои идоравӣ дар сатҳи корхонаҳои истеҳсолӣ истифода бурд.

 

Калидвожаҳо

 

 самаранокӣ, идоракунии хароҷот, омилҳо: миллӣ, минтақавӣ, истеҳсолӣ, амсилаи математикӣ-иқтисодӣ, таҳлили коррелятсионӣ-регрессионӣ

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Андреева О.Н., Повышение эффективности молокоперерабатывающих предприятий на основе совершенствования управления затратами // диссертация кандидата экономических наук: 00.05 / Андреева Ольга Николаевна; [Место защиты: НИУ“БелГУ”]. – Белгород, 2014, – 226 с.
  2. Бочкарев А. Эффективность затрат: Управление затратами в краткосрочной, среднесрочной, долгосрочной перспективе. / А. Бочкарев // Эксперт. 1998.-№ 32. – С. 32-33.
  3. Грибов, В.Д. Экономика предприятия [Текст]: учеб. пос/ В.Д. Грибов, В.П. Грузинов. – М.: Финансы и статистика, 2002. 154 с.
  4. Ивашкевич В.Б. Организация управленческого учет по центрам ответственности и местам формирования затрат//Бухгалтерский учет. – 2008. – №5. – С. 56-59.
  5. Томашев В.П. Управление затратами в инновационных проектах. Челябинск, 2017- c.27.

 

Таърихи нашр

2023-10-26