Муаллифон
Раҳмонқулова Л.З. – омӯзгор, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академин М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, lola.rahmonqulova@mail.ru
Чакида
Дар мақолаи мазкур моҳият ва аҳамияти методикаи низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ, ки аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи Д.Нортон ва Р.Каплан пешниҳод шуда буд, баррасӣ гардид. Марҳилаҳои ташкили он иборат аз панҷ давра, уҳдадории иҷрои ҳар як марҳилаи низом дар ташкилот аз тарафи масъулин аниқ гардиданд. Муайян карда шудааст, ки ин низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ инструменти муҳимтарин барои баланд бардоштани арзиши ширкати муосир ба ҳисоб меравад ва дар баробари нишондиҳандаҳои молиявӣ инчунин компонентҳои инфиродии ҳар як ширкатро дар бар мегирад. Омилҳои калидии арзиши ширкат дар асоси таҳлили роҳҳои имконпазири беҳтар намудани функсияҳои арзиши ширкат аз рӯйи се нишондиҳандаи арзиш: хавф, даромаднокӣ ва бозоргирӣ муайян карда шуд. Асоснок карда шуд, ки низоми нишондиҳандаҳои мувозинатии дуруст коркардшуда стратегияи ширкатро бапуррагӣ инъикос менамояд; пайдарпайии робитаҳои сабабию тафтишотиро байни критерия ва омилҳои ҳаракаткунандаи муваффақшавӣ ба натиҷаҳоро аниқ муайян мекунад. Дар тадқиқот ба фаъолияти ҷории ширкати ватании истеҳсоли обҳои ташнашикан ва шифобахш ҶСП «Евро-Азия 2005» дар татбиқ ба низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ баҳо дода шудааст.
Калимаҳои калидӣ
низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ, баланд бардоштани арзиши ширкат, низоми баҳодиҳии самаранокии фаъолияти ширкат, стратегияи ташкилот, бизнес-равандҳои дохилӣ
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
- Авезов А.Х., Рахими Ш. Конкурентоспособность региона и метод ее оценки. Вестник Череповецкого государственного университета. 2013. № 1-1 (45). С. 62-65.
- Авезов А.Х., Косимова М.А. Формирование системы мониторинга реализации стратегических планов развития страны и регионов. Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия: Естественные и экономические науки. 2018. № 3 (46). С. 83-90.
- Каплан Р.С., Нортон Д.П. Сбалансированная система показателей: От стратегии к действию / Пер. С анг. – М.: ЗАО “Олимп-Бизнес”,2003. -304 с.
- Нивен П.Р. Сбалансированная система показателей: Шаг за шагом: максимальное повышение эффективности и закрепление полученных результатов / Пер. с англ. – Днепропетровск: Баланс Бизнес Букс, 2004 – 328 с.
- Horvarth & Partners. (2005) Внедрение сбалансированной системы показателей / Пер. с нем. – М.: Альпина Бизнес Букс, 478 с.
- Сомонаи расмии ҶСП «Евро-Азия 2005», www.euro-asia.tj
Таърихи нашр
2023-10-26