СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНӢ: РОҲҲОИ МУКАММАЛГАРДОНИИ САҲИФАИ ОМӮЗГОР ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Муаллифон

 

Юсупова Г.А.номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, yusupova_gulya@rambler.ru

 

Чакида

 

 Дар мақола асосҳои таҳияи системаи иттилоотии идоракунӣ (СИИ) дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оварда шудаанд ва имконияти истифодабарии он баррасӣ гаштааст. Вазифаҳои зерини СИИ инъикос карда шуданд: мутамарказсозӣ, нигоҳдорӣ, ба низом даровардан ва коркарди ҳама маълумот дар як пойгоҳи додаҳои донишгоҳӣ; таъмини қобилияти ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар вақти воқеӣ; таъмини саривақтии татбиқи тартибу қоидаҳои идоракунии раванди таълим; дастгирии оперативии системаи мониторинги сифати таълим; ташкили ҳамкории интерактивии байни донишҷӯён, омӯзгорон ва тамоми хадамоти донишкада; ташкили тартиб додани ҳисоботи автоматии натиҷаҳои раванди таълим; таъмини дастрасии якҷояи донишҷӯён ва омӯзгорон ба натиҷаҳои раванди таълим ва захираҳои китобхонаи электронӣ дар реҷаи онлайн. Имконияти фаъолияти портали низоми таҳсилоти фосилавӣ, ҷадвалҳои асосии интерфейси омӯзгорон, сохтори базаи маълумот оид ба ҷадвали дарсҳо барои портали низоми таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) тасвир шудааст. Тавсияҳо барои мукаммал гардонидани фаъолияти саҳифаи омӯзгор ҳангоми таҳлили пешрафти донишҷӯён ва сифати таълим, сифати ҳама намуди тест ва супоришҳо тавассути системаи идоракунии иттилоот дар низоми таҳсилоти фосилавӣ пешниҳод карда шуданд.

 

Калидвожаҳо

 

системаи иттилоотии идоракунӣ, портал, интерфейс, таҳсилоти фосилавӣ, саҳифаи омӯзгор, таҳлили сатҳи пешрафт, сифати таълим, супоришҳо, матрисаи мувофиқатӣ

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Авезова М.М., Юсупова М.З. Методические и практические аспекты системы оценки менеджмента качества образования в Согдийской области Республики Таджикистан на основе компетентностного подхода. Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2019. № 8. С. 135-142.
  2. Исомаддинова Р.М. Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар низоми такмили ихтисос./Р.М.Исомаддинова-Маҷаллаи илмӣ-техникӣ “Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ”. – №3(12), 2019, Хуҷанд, ДПДТТХ. Саҳ 16-21.
  3. Мақсудов А.Т., Абдуллоев А., Ёқубов С. Таъмини донишҷӯён бо шакли электронии маводи таълимӣ-методӣ ва санҷиши донишандӯзии онҳо дар намуди имтиҳони эҷодӣ. Хуҷанд. 2016.
  4. Мақсудов А.Т., Абдуллоев А., Ёқубов С. Ташаккул ва идоракунии низомҳои  таълимии фосилавӣ. Хуҷанд. 2016.
  5. Мақсудов Х.Т., Солиев П.А. Модели модулҳои барномавӣ барои низоми иттилоотии идоракунии раванди таълим дар асоси алгоритмҳои СИИ ДПДТТ. Конференсияи ҷумҳуриявии «Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои  тараққикардаистода». ДПДТТ. 2017.
  6. Саидӣ Д.Р., Мақсудов Х.Т., Солиев П.А. Зерсистемаи муайянкунии сарбории омӯзгорон ва назорати иҷроиши он дар СИИ ДПДТТ. Конференсияи ҷумҳуриявии «Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои  тараққикардаистода». ДПДТТ. 2017.
  7. Юсупова Г.А. Информационная система управления как инструмент оценки качества образовательного процесса. Материалы международной научно-практической конференции. Худжанд, ДПДТТ, 2014. С. 90-97.

 

Таърихи нашр

2023-10-27