ТАМОЮЛИ ЗАМОНАВИИ РУШДИ БОЗОРҲОИ МЕҲНАТ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

 

Муминова Ш.Н. – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Shohzodakhon1987@mail.ru

 

Чакида

 

   Фаъолияти самараноки бозорҳои минтақавии меҳнат ва таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон дар таъмини иқтисодиёт бо кадрҳои баландихтисос дар солҳои истиқлолият  нақши муҳимро мебозад. Дар робита ба ин  дар мақола оид ба таҳлили тамоюли рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Суғд тавассути фаъолияти бозорҳои меҳнат ва таҳсилоти касбӣ  вазифа гузошта шудааст. Рушди бозори меҳнат дар асоси динамикаи шуғл, ҷойҳои кории холӣ, шумораи бекорон, шумораи бо кормашғулбудагон аз рӯйи шакли моликият таҳлил карда мешавад.Тамоюли фаъолияти таҳсилоти касбӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои шумораи муассисаҳои таълимӣ, шумора ва хатми хонандагон аз рӯйи сатҳи таҳсилот таҳқиқ карда мешавад.Муайян карда шуд, ки байни талабот ва пешниҳод дар бозори меҳнат номутаносибии сохторӣ мавҷуд аст ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳое, ки дар он ҷо миқдори зиёди қувваи корӣ мавҷуд аст, идома дорад. Далел оварда мешавад, ки бозори меҳнати вилояти Суғд дар ҳолати тағйироти пайдарпай қарор дорад, талаботи соҳаҳои иқтисодиёт, масалан, дар сохтори касбӣ-кадрӣ ва сатҳи омодасозии мутахассисон тағйир меёбад. Асоснок карда шудааст, ки барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа низоми мутобиқгардонии таҳсилот зарур аст, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад, рушди иқтисодиро ҳавасманд намояд ва мутахассисонеро, ки дар шароити рақобати иқтисодӣ самаранок кор карда тавонанд, тавлид намояд.

 

Калидвожаҳо

 

иқтисодиёти минтақа,  бозори меҳнат, бозори хизматрасонии таълимӣ, таҳсилоти касбӣ, баҳамалоқамандии бозор, бекорӣ, захираҳои меҳнатӣ, шумораи кормандон, шумораи хатмкунандагон, муассисаҳои таълимӣ, низоми маориф, бо кор таъмин намудани хатмкунандагон

 

Таърихи нашр

2023-10-27

Leave a Comment