ТАҲИЯИ ХАРИТАИ СТРАТЕГИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ САНОАТИИ МИНТАҚА ДАР ЗАМИНАИ НИЗОМИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ МУВОЗИНАТӢ

Муаллифон

 

Раҳмонқулова Л.З. – ассистенти кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникииДонишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, lola.rahmonqulova@mail.ru

 

Чакида

 

  Дар замони муосир бизнес ҳамчун низоми вобастаи байни соҳибмулкон, кормандон, истифодабарандагон, таҳвилгарон, мақомотҳои давлатӣ ва дигар шахсони ҳавасманд дида мешавад. Аз қарорҳои саривақтӣ ва самаранок қабулнамудаи ин низом фаъолияти корхона вобастагӣ дорад. Имрӯзҳо ба гуфтаи менеҷерон  усулҳои баҳодиҳии классикии молиявии фаъолияти корхона ба талаботи зиёдшавандаи шахсони ҳавасманд қисман ҷавобгӯ буда, омилҳои зиёди барои роҳбарият ва соҳибмулкон муҳимро дар бар намегиранд. Яъне, дар баробари нишондиҳандаҳои молиявӣ ба фаъолияти корхона дороии ғайримоддӣ ба монанди бренд, технологияҳои инноватсионӣ, малака ва таҷрибаи кормандон ва монанди инҳо низ таъсири назаррас доранд ва рушди фаъолияти корхонаро таъмин мекунанд. Яке аз усулҳои муосири баҳодиҳии фаъолияти корхона дар асоси компонентҳои ғайримоддӣ ин низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ мебошад, ки дар заминаи харитаи стратегӣ таҳия карда мешавад. Дар мақолаи мазкур низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ дар такя ба чор компоненти асосӣ: молия, бизнес равандҳои дохилӣ, мизоҷон ва ҳайъати кормандон дар мисоли ҶДММ «Тоҷфилиз» – корхонаи навтаъсиси истеҳсоли васлкунандаҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада шуда, харитаи стратегии фаъолияти корхона бештар дар асоси компоненти охирон, яъне рушд ва омӯзиши ҳайъати кормандон таҳия карда шудааст. Таҳлил нишон дод, ки диққати аввалиндараҷа бояд ба азнавтаълимдиҳии ҳайъати кормандон, мукаммалкунии технологияҳои информатсионӣ, алоқаманд намудани амалиёти ҳаррӯза бо амалиёти умумикорхонавӣ дода шуда, ин равандҳо дар мадди аввал маблағгузорӣ карда шаванд.

 

Калидвожаҳо

 

низоми нишондиҳандаҳои мувозинатӣ, харитаи стратегӣ, низоми баҳодиҳӣ, самаранокӣ, фаъолияти корхона, бренд, технологияҳои инноватсионӣ, бизнес-раванд, малака, таҷрибаи кормандон

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Авезов А.Х., Косимова М.А. Формирование системы мониторинга реализации стратегических планов развития страны и регионов. Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия: Естественные и экономические науки. 2018. № 3 (46). С. 83-90.
  2. Авезов А.Х. Экономическая устойчивость развития региона: сущность и основные понятия. Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. 2013. № 3. С. 64.
  3. Внедрение сбалансированной системы показателей / Horvarth & Partners; Пер. с нем. – М.: Альпина Бизнес Букс, 2005 – 478с.
  4. Каплан Р.С., Нортон Д.П. Сбалансированная система показателей: От стратегии к действию / Пер. С анг. – М.: ЗАО «Олимп-Бизнес», 2003. – 304 с.
  5. Каплан Р. Организация, оиентрованная на стратегию / Р.Каплан, Д.Нотон. – М.: ЗАО «Олимп-бизнес», 2005. – 416 с.
  6. Косова Л.Н., Этапы разработки стратегической карты развития // Вестник МГУП, 2011, №2.
  7. Нивен П.Р. Сбалансированная система показателей: Шаг за шагом: максимальное повышение эффективности и закрепление полученных результатов / Пер. с англ. – Днепропетровск: Баланс Бизнес Букс, 2004 – 328с.
  8. Сомонаи расмии ҶДММ «Тоҷфилиз», www.tojfiliz.tj.

 

Таърихи нашр

2023-10-27

 

Leave a Comment