ҲОЛАТИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИБУҶЕТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА САМТҲОИ АСОСИИ ТАКМИЛИ ОНҲО

Муаллифон

 

Ҳасанов Ф.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, hasanovfarruh1985@gmail.com

 

Чакида

 

   Дар мақолаи мазкур ҷабҳаҳои амалии муносибатҳои байнибуҷетӣ ва самтҳои асосии такмили онҳо дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шудаанд. Муҳиммияти мавзуи интихобшуда ошкор ва баррасии адабии истилоҳи «муносибатҳои байнибуҷетӣ» аз нуқтаи назари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимони гуногуни хориҷӣ гузаронида шуда, муаллиф андешаи шахсии худро баён кардааст. Дар заминаи танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ як қатор усулҳо ва воситаҳое мавҷуданд, ки ба танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ имконият медиҳанд. Дар асоси усулҳои мавҷудаи иҷрои буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2021 таҳлил гузаронида шудааст. Ҳолат ва динамикаи субвенсияҳо ва дигар даромадҳоро ба буҷетҳои дахлдори маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи механизми баробарсозии байнибуҷетӣ таҳлили уфуқӣ ва амудии вазъи субвенсия ва дотатсия ва дигар даромадҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шудааст. Бо дарназардошти иқтидори минтақаҳо тарҳҳои меъёрӣ ба назар гирифта мешаванд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки сатҳи рушди минтақаҳоро мутавозин намояд. Дар навбати худ як қатор муаммоҳо муайян карда шудаанд, ки характери системавӣ доранд, яъне: тақсимоти даромад амудӣ буда, вай асоси уфуқй дошта метавонад; ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад, ки механизм ва нишондиҳандаи ҳадди ниҳоии фоизро муайян мекунад. Фоизи тарҳҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ маҳдудияти ҳадди аксар ё ҳадди ақал надорад. Ҳамин тариқ, ҳамчун самтҳои такмили муносибатҳои байнибуҷетӣ дар асоси таҷрибаи кишварҳои хориҷа се самти асосии он, яъне қисматҳои танзимкунанда, иқтисодӣ ва ташкилии муносибатҳои байнибуҷетӣ пешниҳод карда шудааст.

 

Калидвожаҳо

 

муносибатҳои байнибуҷетӣ, буҷет, субвенсия, дотатсия, андоз, буҷети ҷумҳуриявӣ,  буҷети  маҳаллӣ,  даромад, хароҷот

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Бежаев О.Г. Межбюджетные отношения: теория и практика реформирования/Под ред. д.э.н. М.А. Яхъяева – М.: Экзамен, 2001, с. 17. – URL: http://library.vscc.ac.ru/Files/books/1428999463mezhbjudzhet_otnoshenija.pdf.
  2. Бабич А.М., Павлова Л.Н. Государственные муниципальные финансы. – М.: Финансы, 2014, с.147.
  3. Горбунова О.Н.. Селюков А.Д., Другова Ю.В. Бюджетное право России. Учебное пособие. – М.: Т.К. Велби. 2002, с.72.
  4. Любимцев Ю.Н. Приоритеты совершенствования межбюджетных отношений // Экономист. – 2000. – № 6, с. 22. – URL: http://library.vscc.ac.ru/Files/books/1428999463mezhbjudzhet_otnoshenija.pdf.
  5. Государственные и муниципальные финансы: Учебное пособие. Под редакцией В.П.Литовченко. – М.: 2006. – 139с.
  6. Межбюджетные отношения: Учебное пособие / З.Х. Срожиддинова. – Ташкент, 2010. – 140 с., стр.11.
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» – 21.12.2021. ш. Душанбе.
  8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ”, Душанбе, 2018. URL: http://mmk.tj/system/files/Legislation/723_tj.pdf.
  9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2018-2021. URL: http://moliya.tj/tj/qonuni-jumhurii-tojikiston-dar-borai-bujeti-davlati/.

 

Таърихи нашр

2023-10-27

 

Leave a Comment