Муаллифон
Юсупова Г.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, yusupova_gulya@rambler.ru
Чакида
Дар мақола мафҳум ва моҳияти технологияҳои молиявӣ оварда шуда, муайян гардид, ки он ба самти муҳимми фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ табдил ёфтааст. Технологияҳои молиявӣ воситаҳои технологиро истифода бурда, барои самараноктар идора кардани муомилоти молиявӣ ба истеъмолкунандагон ва ширкатҳо кумак мерасонад. Аниқ карда шуд, ки дар бахши молиявӣ технологияҳои молиявӣ фаъолона рушд карда, навовариҳои гуногун дар амал татбиқ карда шуда истодаанд. Дар тадқиқот тавсифи марҳилаҳои асосии ташаккулёбии соҳаи технологияҳои молиявӣ дода шудаст. Инчунин таснифот ва намудҳои технологияҳои молиявии муосир пешниҳод карда шудаанд. Муайян карда шуд, ки дар шароити муосир, калиди фаъолияти муваффақонаи муассисаҳои бонкӣ таҳия ва татбиқи технологияҳои молиявии муосир мебошанд, ки боиси пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии нав гардида, афзалияти рақобатпазирро дар муддати тӯлонӣ таъмин ва нигоҳ медоранд. Технологияҳои молиявии муосир, ба монанди технологияҳои абрӣ, омӯзиши мошинӣ, зеҳни сунъӣ, блокчейн, интерфейси барномасозии барнома (API), шартномаи интелектуалӣ ва ғайра дида баромада, имкониятҳои онҳо омӯхта шуданд. Муайян гардид, ки дар бонк ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молиявӣ имкон медиҳад, ки раванди хизматрасонӣ ба мизоҷон суръат дода шавад. Ҳисоб ва таҳлили нишондиҳандаҳои хизматрасониҳои молиявии рақамӣ пешниҳод карда шуд, ки тавассути онҳо ҳолати истифодаи хизматрасониҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда мешавад. Дар асоси ҳисоби нишондиҳандаҳо маълум гардид, ки Тоҷикистон акнун ба пешкаши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ шурӯъ намуда, дар сатҳи паст нисбат ба дигар давлатҳои тараққикарда қарор дорад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ, асосан агентҳои фаъол ин ташкилотҳои қарзӣ маҳсуб ёфта, онҳо бояд барои мизоҷон хизматрасониҳои молиявии қулайро бо ҷорӣ намудани технологияҳои молиявӣ пешкаш намоянд, ки ин боиси пешрафти иқтисодиёти мамлакат гардад.
Калидвожаҳо
технологияҳои молиявӣ, марҳилаҳои соҳа, технологияҳои танзимкунанда, технологияҳои назоратӣ, таснифоти технологияҳои молиявӣ, нишондиҳандаҳои хизматрасонӣ, нишондиҳандаҳои молиявии рақамӣ
Рӯййхати адабиёти истифодашуда
- Алпатова Э.С. Влияние финансовых технологий на развитие банковского сектора / Э.С.Алпатова // Экономика: вчера, сегодня, завтра. – 2019. № 1 (9) С. 785. http://publishing-vak.ru (санаи истифодабарӣ 3.12.2021).
- Зоидов К.Х., Урунов А.А., Юсупова Г.А. Рынок банковских продуктов национальной экономики: анализ современного состояния и перспективы их развития. Региональные проблемы преобразования экономики. 2020. № 12 (122). С. 127-134.
- Карпова Д.П. Современные финансовые технологии / Д.П.Карпова // Российского нового университета. Серия: Человек и общество. – 2018. – №1. С. 40-41с. RL:https//elibrary.ru/item/asp?id=34908875 (санаи истифодабарӣ 12.2021)
- Ситник А. А. Финансовые технологии: понятие и виды / А.А. Ситник. Финансовое право. Актуальные проблемы российского права. 2019. № 6 (103). С. 28-30. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/finansovye-tehnologii-ponyatie-i-vidy (санаи истифодабарӣ12.2021)
- Турдибеков Б.А. Современное состояние формирование цифровой экономики в Республики Таджикистан/ Б.А. Турдибеков // Вестник Евразийской науки, 2018 №1, URL: https://esj.today/PDF/52ECVN118.pdf (санаи истифодабарӣ03.2022)
- Филиппов Д.И. О влиянии финансовых технологий на развитие финансового рынка / Д.И. Филиппов // Российский экономический университет им. Г.В. Плеханова. -2018, №5(19). С.1437 https://cyberleninka.ru/article/n/o-vliyanii-finansovyh-tehnologiy-na-razvitie-finansovogo-rynka (санаи истифодабарӣ 12.2021).
- «Что такое FinTech» / Электронный финансовый журнал «Finstorm» – Электрон.дан. – М., 2015. URL: http://finstorm.ru/articles/2016/01/08/chto-takoe-finteh (санаи истифодабарӣ 3.12.2021).
Таърихи нашр
2023-10-27