Муаллифон
Сайдуллаев У.Ӯ. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,saidullaev_umed@mail.ru.
Чакида
Дар мақола хусусиятҳои таҳлили иқтисодии фаъолият ва ҳисоботи молиявӣ дар ширкатҳои телекоммуникатсионӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ, марҳилаҳои ҷамъбасткунӣ ва мавриди таҳлили иқтисодӣ қарор додани он омӯхта шудааст. Таҳлили ҳаҷми хизматрасониҳои оператори миллии алоқа дар миқёси вилояти Суғд ва омилҳои ба ин равандтаъсиркунанда нишон дода шудааст. Маҷмуи усулҳо оид ба таҳлили маълумоти нақшавӣ, меъёрӣ ва ҳисоботии фаъолияти ширкатҳои телекоммуникатсионӣ пешниҳод карда шудааст. Оид ба зарурат ва мақсади баҳисобгирии ҳаҷми захираҳои молиявии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ маълумоти зарурӣ оварда шудааст. Хусусиятҳои банақшагирии даромадҳо ва хароҷоти истеҳсолӣ дар ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо назардошти истифодабарии захираҳои молиявӣ дар самти зиёд намудани даромаднокӣ омӯхта шудааст. Мушкилоти мавҷудаи оператори миллии алоқа дар вилояти Суғд, ки ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, даромаднокӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ монеъ мешаванд, таҳлил карда шуд. Дар асоси натиҷаҳои таҳлил ҳаҷми хизматрасонии алоқа аз ҷониби намояндагиҳои ширкат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо муайян карда шуд.
Калидвожаҳо
усулҳои таҳлили иқтисодӣ, хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, тавозуни ширкат, тарофа, даромад, хароҷоти истеҳсолӣ
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
- Абрютина М.С. Экспресс-анализ финансовой отчетности. М.: Издательство «Дело и Сервис», 2003.
- Авезов А.Х., Косимова М.А. Формирование системы мониторинга реализации стратегических планов развития страны и регионов. Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия: Естественные и экономические науки. 2018. № 3 (46). С. 83-90.
- Батрин Ю.Д., Фомин П.А. Особенности управления финансовыми ресурсами промышленных предприятий. М.: Высшая школа, 2001.
- Батурин В.М., Керимов В.Э. Финансовый рычаг как эффективный инструмент управления финансовой деятельностью предприятия // Менеджмент в России и за рубежом № 2, 2000.
- Сайдуллаев У.У. Оценка эффективности маркетинговой деятельности телекоммуникационных компаний // Научное обозрение: Теория и практика, – М., 2021. – Том 11. Выпуск 2. – С.534-544.
Таърихи нашр
2023-10-27