МЕХАНИЗМИ АМНИЯТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ БЕРУНИИ ДАР ЯК ҚАТОР МАМЛАКАТҲОИ ҶАХОН

Муаллифон

 

Каримова М.Т.доктори илми иқтисод, мудири шӯъбаи тадқиқоти назариявӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Институти иқтисод ва демографияи Академияи ИлмҳоиТоҷикистон, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kmavzuna@mail.ru

Хасанов Ч.Р. – докторанти рӯзона, Пажӯҳишгоҳи омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Jovid-90@mail.ru

 

Чакида

 

 Дар мақола дар мисоли кишварҳои алоҳида самтҳои таъмини амнияти иқтисодии иқтисоди миллӣ дар фаъолияти иқтисодии берунӣ баррасӣ шудааст. Мақсади тадқиқот ошно кардани хонандагон бо воситаҳои зуд-зуд истифодашавандаи таъмини амнияти иқтисодӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад, ки таҳия ва татбиқи қарорҳои идоракуниро дар асоси мониторинги ҳолати таҳдидҳо ба амнияти иқтисодии хориҷии мамлакатхои чахон. Аз чумла, тачрибаи Озарбойҷон, Арманистон, Республикаҳои Белорус ва Қазоқистон, Фороанса, Хиндустон ва Ҷумхарии Халқии Чин ба назар гирифта шудааст. Нақши бонкҳои алоҳидаи содироту воридот дар паст кардани таъсири таҳдид ва таконҳои беруна ба амнияти иқтисодии миллӣ ва пеш аз ҳама кишвар, инчунин таҷрибаи ислоҳоти иқтисодӣ нишон дода шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин танзим метавонад якҷониба, дуҷониба ва бисёрҷониба бошад. Дар мисоли давлати Чин, масалан, нишон дода шудааст, ки чи тавр бо роҳи чорӣ намудани қоидаҳои соддакардашудаи маъмурияти воридот, ҷорӣ намудани сиёсати паст кардани тарифҳои воридот, Чин афзоиши самараи муносибатхои савдои беруниро таъмин намуд.Нишон дода шудааст, ки таъсир ба таъмини амнияти иқтисодӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳавасмандгардонии иқтидори содиротӣ, инчунин ба тартиб даровардани раванди баланд бардоштани дараҷаи ошкорбаёнии иқтисодиёти кишварро ҳам ба хотири савдо ва ҳам барои сармоягузорӣ дар бар мегирад.

 

Калидвожаҳо

 

 фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, амнияти иқтисодӣ, сиёсати савдои хориҷӣ, тарифҳои гумрукӣ, сиёсати савдои хориҷӣ, стратегияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, содироти мол

 

Таърихи нашр

2023-10-27