ТАҒЙИРОТ ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИСОЗӢ

Муаллифон

 

Назаров А.Ш. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, akbarnazarow@yndex.ru

Қобилов Ш.С. – номзади илмҳои техникӣ, и. в. доцент, кафедраи системахои идоракунии автоматӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kabilov.shavkat@yandex.ru

 

Чакида

 

  Дар мақола тамоюлҳои мусбат ва манфии таъсири рақамисозии иқтисод ба бозори меҳнат дар мисоли кишварҳои алоҳидаи пасошӯравӣ баррасӣ шудааст. Равишҳои методологӣ ба таърифи мафҳуми «технологияҳои рақамӣ» номбар шудаанд. Қайд карда мешавад, ки таъсири технологияҳои нави рақамӣ боиси тағйироти сохтории сифатӣ дар бозори меҳнат мегардад. Дар натиҷа, иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун яке аз зерсистемаҳои иқтисоди анъанавӣ ташаккул меёбад. Дар шароити рақамикунонӣ дигаргунсозии тамоми иқтисодиёт, аз ҷумла бозори меҳнат сурат гирифта, боиси тағйирот дар соҳаи шуғли аҳолӣ, пайдоиши муносибатҳои нави меҳнатӣ мегардад. Баррасии консепсияҳои рақамисозӣ ва иқтисоди рақамӣ, инчунин таъсири он ба вазъи бозори меҳнат анҷом дода мешавад. Гузариш ба технологияҳои рақамӣ боиси қисман иваз шудани касбҳои мавҷуда бо касбҳои нав мегардад, ки мушкилоти муайян ба вуҷуд оварда, осебпазирии бозори меҳнатро зиёд мекунад. Вазифаи муҳимтарини ҳалли мушкилоти мавҷуда дар бозори меҳнат ин амали ҳамоҳангшудаи давлат, корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо мебошад. Барои безарар гардонидани мушкилот дар бозори меҳнат, пешгирии хатару таҳдидҳо зарур аст. Дар хотима зикр мегардад, ки афзоиши ҳосилнокии меҳнат барои аксари кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ баъзан мавриди баҳс қарор дорад.

 

Калидвожаҳо

 

 Рақамкунонӣ, технология, салоҳият, трансформатсия, бозори меҳнат, шабакаҳои интернетӣ, талабот, пешниҳод, касбҳо

 

Таърихи нашр

2023-10-27