Муаллифон
Ашурзода А.Н. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи идоракунии истеҳсолот, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, aashurzoda1968@gmail.com
Асоев Б.Х. — муаллими калон, кафедраи иктисодиёт, Донишкадаи технология ва идоракунии инноватсия, ш.Кӯлоб, Ҷумҳурии Тоҷикистон, asoev_86@bk.ru
Чакида
Дар мақола заминаҳои назариявӣ ва амалии рушди бозори неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шудаанд. Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, масъалаи рушди босуръати тамоми бахшҳои иқтисод, аз ҷумла рушди устувори энергетикаро яке аз самтҳои ояндадори рушди иқтисоди миллӣ медонад. Аммо мушкилоти энергетикие, ки дар солҳои истиқлолият ба миён омада буданд, то ҳол пурра ҳалли худро наёфтаанд. Онҳо дар соҳаи таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Роҳҳои ҳалли муаммоҳои мавҷуда дар бозори нерӯи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Асосҳои онхо зерин мебошанд: азнавсозии НБО-ҳои мавчуда ва сохтани НБО-ҳои нав; зиёд намудани имконияти буҷети давлатӣ аз ҳисоби комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси татбиқи иқтидори содиротии нерӯи барқи ватанӣ ва имкони татбиқи лоиҳаи CASA-1000; баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ахолй ва истеъмолкунандагони калони саноатй; таъсиси мақомоти мустақил оид ба таҳияи сиёсати тарифӣ; баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ аз ҷониби шахсони воқеи ва хуқуқи; самаранокии идоракунии энергия; баланд бардоштани иқтидори энергетикаи кишвар, бо воситаи истифодаи энергияи сабз, аз ҷумла офтоб, шамол, биоэнергетика, инчунин дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
Калидвожаҳо
энергетика, электроэнергетика, бозори неруи барқ, захираҳои энергетикӣ, рушди соҳаи электроэнергетика, гидроэнергетика, захираҳои истихроҷӣ, сиёсати тарифӣ
Таърихи нашр
2023-10-27