СОХТОР ВА ХОСИЯТҲОИ МУҲИТИ МОДЕЛИРОНИИ СХЕМАИ СОХТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР NI MULTISIM 14

Муаллифон

 

Раҳимов О.С. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, и.в. профессори кафедраи таъминотибарқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,rahimov_o_1948@mail.ru

Каландаров Ҳ.У. – номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, huseinjon.86@mail.ru

 

Чакида

 

  Барномаҳои муосири моделиронӣ барои гузаронидани таҳқиқоти таҷрибавии занҷирҳои электрикии шиддатҳои гуногун ва бе хароҷот ва ҳисорот имконияти хуб медиҳанд. Барномаи амалии MULTISIM яке аз барномаҳои компютерии барои моделиронии кори занҷирҳои электрикӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори мазкур сохтор ва хосиятҳои моделиронии схемаҳои электрикии сода дар базаи лабораторияи электронӣ оварда шудааст. Бо истифодаи барномаи Multisim ҳамчун кӯмак барои тафтиши натиҷаҳои ҳисобҳои дастӣ дар мисоли таҳлили силсилаи параллелҳои занирҳои электрикӣ баррасӣ карда мешавад. Дар марҳилаи ибтидоии азхудкунии усулҳои лоиҳакашӣ ва озмоиши модели сохтҳои электронӣ истифодаи барномаи NI Multisim 14, ки дорои миқдори зиёди компонентҳои электронӣ буда, барои моделиронӣ хело қулай мебошад. Хусусияти муҳити MS14 дар ҷой доштани асбобҳои назоратӣ-ченкунанда, инчунин дорои намуди беруна ва характеристикаҳои ба асбобҳои саноатӣ монанд мебошад. Миқдори зиёд ва гуногунии моделҳои шабоҳатӣ, рақамӣ ва омехтаи сохтҳои шабоҳатӣ-рақамӣ, олотҳои таҳлил ва асбобҳои виртуалӣ муҳити MS14-ро асбоби хело қулай барои инъикос ва намоиши ҳодисаҳои фундаменталӣ ва равандҳои шабоҳатӣ ва рақамии электроника месозад. Барои сохтани сохтҳои нисбатан мураккаб принсипи модулӣ, яъне аз схемаҳои сода, ки аз резисторҳо, конденсаторҳо, диодҳо, транзисторҳо, элементҳои мантиқӣ, тақвиятдиҳандаҳои оператсионӣ ва микросхемаҳои рақамӣ иборат мебошанд, сохтҳои мураккаб сохта мешаванд.

 

Калидвожаҳо

 

моделиронӣ, электроника, элемент, схемаи электронӣ, резистор, лабораторияи электронӣ, барномаи моделиронӣ, Multisim

 

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

 

  1. Аббясов А.М. Библиотека моделей типовых и сложных нелинейностей для анализа электронных схем в пакете Multisim / А. М. Аббясов, А.И. Терехов // Состояние и перспективы развития электро- и теплотехнологии (ХХI Бенардосовские чтения) : Материалы международной научно-технической конференции, посвященной 140-летию изобретения электросварки Н.Н. Бенардосом, Иваново, 02–04 июня 2021 года. Том III. – Иваново: Ивановский государственный энергетический университет им. В.И. Ленина,
  1. – С. 122-125. – EDN SUKEUQ.
  1. Каримов И.Р. Исследование переходных процессов асинхронного электропривода насосной установки методом компьютерного моделирования / И.Р. Каримов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2021. – № 3(20). – С. 38-47. – EDN APTWMG.
  1. Коновалова А.А. Использование программного обеспечения Multisim в качестве замены или дополнения к лабораторному оборудованию по электротехническим дисци-плинам / А.А. Коновалова, В.И. Коновалов // Аграрное образование в условиях модерниза-ции и инновационного развития АПК России: материалы III Всероссийской (националь-ной) научно-методической конференции, Улан-Удэ, 22 апреля 2022 года. – Улан-Удэ: Бу-рятская государственная сельскохозяйственная академия имени В.Р. Филиппова, 2022. –216-223. – EDN DVJMHX.
  1. Медведева Е.А. Программа “Multisim” / Е.А. Медведева // Научно-исследовательский центр “Technical Innovations”. – 2023. – № 15. – С. 170-173. – EDN IGKGNG.
  1. Рахимов О.С. Моделирование низковольтных сельских электрических сетей 10/0,4 кВ / О. С. Рахимов, Д. Н. Мирзоев // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими.– 2018. – № 4(9). – С. 37-42. – EDN FHEINT.

 

Таърихи нашр

2023-10-28