МУАММОҲОИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗЪИЯТИ ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ

Муаллифон

 

Султанова М.М.номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедра, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва идоракуни, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sultanovaM2403@gmail.com

 

Чакида

 

  Дар мақола сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манотиқи аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳими рушди Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қирғизистон, пешниҳод гардида, нақши махсуси захираҳои об дар амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Масъалаҳои тағирёбии иқлим дар роби-та ба таъсири ҳарорати баланд ба захираҳои об ва оқибатҳои онҳо, аз қабили бухорша-вии шадид ва кам шудани миқдори об, инчунин афзоиши ҳаҷми об дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ахолии Осиёи Миёна ба назар гирифта шудааст. Қайд карда мешавад, ки ҳама гуна тағйироте, ки ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад, ба ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои минтақа таъсири баланди мултипли-каторӣ мерасонад. Муайян шудааст, ки норасоии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои асосии маҳдудкунандаи рушди кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад. Оқи-батҳои афзоиши пешбинишудаи истеъмоли об дар шароити муосир ва дар оянда ҳамчун афзоиши рақобат барои об дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ байни обёрӣ ва энергетика, дигар бахшҳои иқтисодиёт оварда шудаанд. Дар мақола пешниҳод шудааст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва норасоии дарпешистодаи захираҳои об ба идоракунии самараноки захираҳои мавҷудаи об, идоракунии талабот ба об, сарфаи об, омӯзонидани усулҳои инноватсионии истифодаи об ба истифодабарандагони об ҳамчун омили асосии роххои халли проблемахои энергетикаи Точикистон ва тараккиёти комплекси гидроэнер-гетика.

 

Калидвожаҳо

 

 рушди устувор, бахши об, энергетика, тағирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ, сарфаи об, гармшавӣ, истифодаи об

 

Таърихи нашр

2023-10-28