ФАОЛИЯТӢ ТАҶҲИЗОТҲОИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ ДАР ШАРОИТИ ШИДДАТИ ПАСТИ ШАБАКА

Муаллифон

 

Мирхолиқова Д.С.- омӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, mirkhalikova.d@mail.ru

 

Чакида

 

  Дар мақола мушкилоте, ки ҳангоми истифодаи таҷҳизоти электрикии пойгоҳҳои обкашӣ бо паст шудани шиддат дар системаи таъмини барқ ба миён меоянд, таҳлил карда шудааст. Таҳлили таъсири манфии инҳирофшавии шиддати шабака ба режимҳои оғозёбӣ ва кори агрегатҳои обкашӣ гузаронида шудааст. Дар мисоли пойгоҳҳои обкашӣ вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳо ва басомади қатъ шудани пойгоҳҳои обкашӣ таҳқиқ карда мешаванд. Омилҳои асосие, ки ба кори таҷхизоти барқии пойгоҳҳои обкашӣ таъсир мерасонанд, муайян карда шуда, таҳлили параметрхои сифати барқӣ, ки ба кори пойгоҳҳои обкашӣ таъсир мерасонанд, гузаронда мешавад. Хусусиятҳои кори муҳаррикҳои синхронии агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ бо тағйир ёфтани шиддат дар системаи энергетикӣ ошкор карда шудаанд. Омилҳои асосие, ки ба кори таҷҳизоти барқии пойгоҳҳои обкашӣ таъсир мерасонанд, дида баромада шудаанд. Таҳлили нишондиҳандаҳои сифати қувваи барқ, ки ба кори пойгоҳҳои обкашӣ таъсир мерасонанд ишора шудаанд. Хусусиятҳои кори муҳаррикҳои синхронии агрегатхои пойгоҳҳои обкашӣ нишон дода шудаанд. Натиҷаҳои омӯзиши таъсири тағйирёбии параметрҳои барқии системаи энергетикии вилояти Суғд ба реҷаҳои кори пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обёрӣ оварда шудаанд. Дар байни онхо: тағйиротҳои хурду калон дар системаи энергетики, мавҷи басомадҳо дар шабака дар шиддати гуногун, қатъ шудани истеъмолкунандагони қувваи барқ ва ба кор андохтани муҳаррикҳои синхронии таҷҳизоти баландшиддат.

 

Калидвожаҳо

 

инҳирофи шиддат, пойгоҳҳои обкашӣ, системаи таъмини барқ, муҳаррики синхронӣ, ҷараёнҳои ба кор андозӣ

 

Руйхати адабиётҳои истифодашуда

 

  1. Дадабаев Ш.Т. Особенности механических характеристик электроприводов с вентиляторным характером нагрузки. Электрооборудование: эксплуатация и ремонт. 2013. № 11. с. 29-34.
  2. Тошходжаева М.И., Ходжиев А.А. Особенности диагностирования ВЛЭП – 110 кВ в условиях резко континентального климата. Известия Тульского государственного университета. Технические науки. 2019. № 2. с. 364-369.56
  3. Mirkhalikova D.S. Functioning of pumping stations in conditions of low voltage network
  4. Мирхаликова Д.С. Мероприятия по обеспечению качества электроэнергии. В сборнике: Региональная энергетика и электротехника: проблемы и решения сборник научных трудов. А.Ю. Александров (гл. редактор). Чебоксары, 2015. с. 186-193.
  5. Дадабаев Ш.Т. Обзор и оценка способов управления насосными установками. Электрооборудование: эксплуатация и ремонт. 2013. № 12. с. 28-30.
  6. Дадабаев Ш.Т. Оптимизация пусковых режимов работы высоковольтных электроприводов оросительной насосной станции с учетом жаркого климата. Известия высших учебных заведений. Электромеханика. 2018. Т. 61. № 2. с. 86-91
  7. Мирхаликова Д.С. Анализ состояния системы электроснабжения и перспективы электроэнергетики республики Таджикистан. В сборнике: Региональная энергетика и электротехника: проблемы и решения сборник научных трудов. А.Ю. Александров (гл. редактор). Чебоксары, 2015. с. 161-167.

 

Таърихи нашр

2023-10-28

Leave a Comment