АЛГОРИТМҲОИ ОМӮЗИШИ МОШИНӢ ДАР ТИБ: ПЕШГӮИИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ

Муаллифон

Низомитдинов А.И. – доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ahlidin@gmail.com

Чакида

Дар мақола шарҳи муфассали усулҳои муосири омӯзиши мошинӣ барои ташхиси бемориҳои дилу рагҳо оварда шудааст. Масъалаи пешгӯии хатари инкишофи патологияҳои дил дар асоси таҳлили миқдори зиёди маълумоти тиббӣ баррасӣ карда мешавад. Таъкид мешавад, ки беш аз сад омилҳои гуногун вуҷуд доранд, ки метавонанд ба тағйирот дар дил таъсири мустақим ё берунӣ расонанд, аз ин рӯ бо истифода аз алгоритмҳои махсус интихоб кардани аломатҳои муҳимтарини иттилоотӣ хеле муҳим аст. Равишҳо ва усулҳои гуногуни муосири ҳалли мушкилоти пешгӯии бемориҳои дил ба таври муфассал тавсиф карда шудаанд: моделҳои регрессияи ғайрипараметрӣ - моделҳои иловагии умумӣ, моделҳои иловагии ҷаримавӣ; усулҳои пурқудрати шабакаҳои нейронии сунъӣ - персептронҳои бисёрқабата, функсияҳои радиалӣ, шабакаҳои нейронҳои умумии регрессионӣ. Таҳлили муқоисавии дақиқӣ, самаранокӣ ва эътимоднокии моделҳои сохташуда бо истифода аз метрикаи омории коэффисиенти дурустии таснифот пешниҳод карда мешавад. Дар хотима дар бораи самараи баланди истифодаи комплексии алгоритмхои хозиразамони омӯзиши мошинӣ хулосаи асоснок бароварда шуд. Хулоса аз мисоли ҳалли масъалаҳои амалии пешгӯии ҳодисаҳои дил дар маҷмӯи маълумотҳои калон бо мақсади хеле беҳтар кардани сифати ташхис ва баланд бардоштани самаранокии табобати беморон бароварда мешавад.

Калидвожаҳо

алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, моделҳои регрессионии иловагии умумӣ, моделҳои иловагии ҷаримашуда, шабакаҳои нейронӣ.

Таърихи нашр

2026-03-14