ТАҲИЯИ СТАНТСИЯИ РАҚАМИИ МЕТЕОРОЛОГӢ ДАР АСОСИ IOT

Муаллифон

Бандишоева Р.М. – номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедра, кафедраи “Автоматикунонии равандҳои технологӣ ва идоракунӣ”, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бадалова М.А. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедра, кафедраи “Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ”, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдукарими Абдуҳалим – докторанти кафедра, кафедраи “Автоматикунонии равандҳои технологӣ ва идоракунӣ”, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чакида

  Мақола ба коркарди стансияи метероологии рақамии обу ҳаво дар заминаи IoT бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки истгоҳи коркардшудаи обу ҳаворо ҳамчун восита ё дастгоҳе тасвир кардан мумкин аст, ки иттилооти обу ҳаворо пешниҳод мекунад. Ин ба таври муфассал иттилоотро дар бораи ҳарорат, фишори барометрӣ, намнокӣ ва ғайра пешниҳод карда метавонад, аз ин рӯ, ин дастгоҳ асосан ҳарорат, фишор, намнокӣ, шиддати рӯшноӣ, миқдори боришотро муайян мекунад.
Таъкид карда мешавад, ки дар намунаи аввала намудҳои гуногуни сенсорҳо ҳастанд, ки бо ёрии онҳо ҳамаи параметрҳои дар боло зикршударо чен кардан мумкин аст. Инро барои назорати ҳарорат ё намнокӣ дар ҳуҷра ё ҷойи муайян истифода бурдан мумкин аст. Илова бар вазифаҳои дар боло зикршуда, инчунин метавон шиддати рӯшноии ҳуҷраро назорат кард, имконияти назорати фишори ҷавҳарии ҳуҷраро дода, миқдори боришотро пайгирӣ намуд. Ҳамчун заминаи намунавӣ модули Wi-Fi-и NodeMCU (12E)-и асосёфта бар ESP8266 интихоб гардидааст. Ба NodeMCU чор сенсор васл карда шудааст: сенсори ҳарорат ва намнокӣ (DHT11), сенсори фишор (BMP180), модули сенсори борон ва фоторезистор (LDR). Ҳангоми аз ҳад зиёд шудани ҳар як параметр, корбарон огоҳиномаҳоро тариқи SMS, почтаи электронӣ ва ё ба тарзи дигар гирифта, соҳиби дастгоҳро дар бораи зарурати андешидани чораҳои дахлдор огоҳ месозанд. Дастгоҳи коркардшуда инчунин барои назорати ҳуҷра ё ҷойи муайяне, ки параметрҳои муҳити атрофро бояд доимо назорат кунанд, масалан, дар Марказҳои коркарди иттилоот истифода бурда мешавад.

Калидвожаҳо

сенсор, ҳарорат, намӣ, модул, интернети асбобу таҷҳизотҳо, плата, микроконтроллер, метеоролог.

Таърихи нашр

2026-03-16