Муаллифон
Грачева Е.И. – доктори илмҳои техникӣ, профессор, кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатии Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Русия, grachieva.i@bk.ru
Тухфетуллов И.Р. – магистранти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатии Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Русия, agal73rus@gmail.com
Илясова Ю.К. – магистранти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатии Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Русия, agal73rus@gmail.com
Чакида
Дар мақола масъалаҳои оптимизатсияи реҷаи кори шабакаҳои барқии миёнашиддат дар шароити афзоиши садамаҳои таҷҳизоти барқӣ баррасӣ карда мешаванд. Қайд карда мешавад, ки дар шароити пайваста афзояндаи шумораи муштариёни ширкатҳои энергетикӣ ва иқтидорҳои эълоншудаи онҳо, ки ба тағйирот дар конфигуратсияи шабакаи барқӣ таъсир мерасонад, саволҳо оид ба оптимизатсияи реҷаи кори шабакаҳои барқӣ ба миён меоянд. Аз ин рӯ, реҷаҳои муътадилро ба назар гирифта, аз ҳама муҳимаш, таъсири реҷаҳои пасазсадамавиро ба тамоми истеъмолкунандагони шабақаҳои тақсимотиро бо назардошти таъмини эътимоднокӣ ва сифати нерӯи барқ ба назар гирифтан лозим аст. Таҳлили омори садамаҳо барои солҳои 2015-2021 тибқи маълумоти Маркази назорати техникии Русия анҷом дода шуд. Шумораи садамаҳо дар соли 2021 дар қиёс бо соли 2020 47% зиёд шудааст. Сабабҳои асосии рух додани садамаҳо баррасӣ шудаанд. Барои ҳалли мушкилот пешниҳод карда мешавад, ки татбиқи Консепсияи «Трансформатсияи рақамӣ 2030»-и Ҷамъияти саҳҳомӣ «Россети», аз ҷумла гузариш ба зеристгоҳҳои рақамӣ тезонида шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки эътимоднокии таъминоти барқ тавассути қисмҳои иловагӣ ва захиракунии автоматӣ бо истифода аз реклозер баланд бардошта шавад. Масъалаҳои эътимоднокии кори зеристгоҳҳои автоматии рақамӣ ва тақсимоти масъулият муҳокима карда мешаванд. Доир ба зарурияти баҳисобгирии тағйирёбии конфигуратсияҳои шабака ва назорати визуалии таҷҳизот дар шароити рақамикунонӣ хулосабандӣ карда мешавад.
Калидвожаҳо
садаманокии таҷҳизоти барқӣ, оптимизатсияи реҷаҳо, шабакаҳои барқӣ, эътимоднокии таъминоти барқи истеъмолкунандагон, трансформатсияи рақамӣ, тақсимоти шабака.
Таърихи нашр
2026-03-16