АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНА
Муаллифон
Чакида
Дар мақола асосҳои илмии арзёбии фаъолияти инноватсионии корхона баррасӣ карда мешавад. Мафҳуми «инноватсия», «фаъолияти инноватсионӣ», инчунин системаи нишондиҳандаҳои баҳодиҳии фаъолияти инноватсионии корхона умумӣ карда шудаанд. Муаллиф кушиш кардааст, ки дар шакли мухтасар системаи нишондихандахои баходихии фаъолияти инноватсионии корхонаро аз содда ба мураккаб, фахмо ва тамоми чихатхои ин фаъолиятро дар бар гирад. Таҳлили нишондиҳандаҳои баҳодиҳии фаъолияти инноватсионии корхона дар мисоли яке аз корхонаҳои пешқадами саноати хӯрокворӣ гузаронида мешавад. Муносибати коркарди истифодаи нишондињандањо барои бањодињии фаъолияти инноватсионии корхона аз як нишондињанда - фоида то нишондињандаи комплексї ва муттањидшуда нишон дода шудааст, ки усули бањодињии фаъолияти инноватсионии корхонаро такмил медињад. Қайд карда мешавад, ки истифодаи нишондиҳандаи фоида тарафи соф иқтисодии фаъолияти инноватсионии корхонаро тавсиф мекунад. Маҷмӯи нишондиҳандаҳо фаъолияти инноватсионии ташкилотро васеътар тавсиф мекунанд. Нишондиҳандаи интегралӣ имкон медиҳад, ки ба фаъолияти инноватсионии корхона бо назардошти омили инсонӣ – тахассуси кормандони ба инноватсия ҷалбшуда, инчунин муносибати истеъмолкунандагони маҳсулоти нави истеҳсолкардаи корхона баҳо дода шавад. Муаллиф ба хулоса меояд, ки истифодаи системаи нишондихандахо ба корхона имкон медихад, ки ба фаъолияти инноватсиониаш васеътар ва амиктар бахо дихад, ки ин ба корхона имкон медихад, ки барои инкишофи минбаъдаи фаъолияти инноватсиони карорхои оптималии идоракуни кабул намояд.
Калидвожаҳо
навоварӣ, фаъолияти инноватсионй, нишондиханда, баходихии фаъолияти инноватсиони, комплекс, нишондиханда, корхона, фоида.
Таърихи нашр
2026-03-22