НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ КИТОБХОНАИ РАҚАМИИ МТОК
Муаллифон
Чакида
Равандҳои таҳия ва ҷорӣ намудани китобхонаи рақамии муассисаи олии
касбӣ (МОК) баррасӣ карда мешавад. Таҳлили муқоисавии захираҳои иттилоотӣ дар
шабакаи Интернет дастрас гузаронида шудааст. Таъминоти иттилоотӣ ба
китобхонаи рақамӣ дар асоси амсилаи манбаи додаҳо – низоми идоракунии манба
додаҳои MySQL амалӣ карда шудааст. Дар манбаи додаҳо низоми муносибати мантиқӣ
байни ҷадвалҳо муайян карда шудааст. Сохтори мантиқии китобхонаи рақамӣ дар
шакли веб-барнома пешниҳод карда шудааст. Қайд карда мешавад, ки китобхонаи
рақамӣ ба кормандон ва донишҷӯёни МТОК имконияти ба таври ғайриҳузурӣ тавассути
шабакаи Интернет муошират ва ҳамкории бархатро фароҳам меоварад. Бо ёрии
китобхонаи рақамӣ донишҷӯён метавонанд китобҳои заруриро фармоиш диҳанд ва
кормандони китобхона ин фармоишҳоро саривақт иҷро намоянд. Манбаи додаҳои
китобхонаи рақамӣ барои нигоҳдорӣ ва коркарди захираҳои китобҳои чопӣ ва китобҳои
электронӣ пешбинӣ шудааст. Китобхонаи рақамии коркардшуда барои
автоматикунонии раванди кории китобхонаҳои МТОК равона карда шудааст, ки ин ба
қонеъ гардонидани талаботи хонандагон ба китобҳо ва захираҳои иттилоотӣ дар
муҳлати кӯтоҳтарин мусоидат менамояд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни МТОК-ҳо
метавонанд бо ёрии китобхонаи рақамӣ ба ҳамаи захираҳои иттилоотии китобхона
дастрасии озод ва бемаҳдуд дошта бошанд.
Калидвожаҳо
низомҳои иттилоотӣ, манбаи додаҳо, захираи электронӣ, каталоги электронӣ, низоми ҷустуҷӯ, автоматикунонӣ, китобхонаи рақамӣ.
Таърихи нашр
2026-03-22