ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАБЛИҒОТИИ САМАРАНОКИ ШИРКАТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

Урунов А.А.доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи сиёсати иқтисодӣ ва
ченакҳои иқтисодӣ, муассисаи таълимии буҷетии давлатии федералии “Донишгоҳи
давлатии идоракунӣ”, ш.Москва, Федератсияи Русия, urunov@rambler.ru
Қосимова М.Ҳ.омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент,
Донишкадаи политехникии Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик
М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kosimova1979@gmail.com

Чакида

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои назариявии фаъолияти таблиғотии
ширкатҳои телевизионӣ ҳамчун воситаи рушди иқтисодиёт, механизми пурқудрати
иттилоотӣ, ки ба ниёзҳои асосии инсон таъсир мерасонад, асоснок карда шудааст.
Ҷанбаҳои муҳимтарини таъсири таблиғот ба рушди субъектҳои бозор, ки дар навбати
худ мутаносибан ба рушди иқтисодиёти минтақа дар маҷмӯъ меоварад, баррасӣ карда
шудааст. Саноати таблиғотӣ ба яке аз соҳаҳои босуръат рушдебандаи иқтисодиёт
табдил меёбад, ки бевосита дар ташкили корхонаҳои нав ва бештар истифодабарии
иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда, сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароит
барои ҷалби сармоя иштирок мекунад. Азбаски аз самаранокии таблиғот фаъолияти
иқтисодии соҳибкорон вобастагии калон дорад, бинобар ин дар мақола масъалаи оқилона
ҷойгир кардани паёмҳои таблиғотӣ ба ин ё он шабакаи телевизионӣ ҳал карда мешавад.
Омилҳои асосие, ки метавонанд ба самаранокии фаъолияти таблиғотии ширкатҳо
таъсир расонанд, муайян карда шуданд. Бо истифода аз усули пурсиши сотсиологӣ
чунин нишондиҳандаҳо ба монанди рейтинги ширкатҳои телевизионӣ дар байни ҳамаи
тамошобинон (Gross Rating Point - GRP), шумораи тамошобинони мақсадноки
шабакаҳои телевизионӣ ва ё рейтинг дар байни тамошобинони мақсаднок (TRP) ҳисоб
карда шуданд. Тамошобинони шабакаҳои телевизионии вилояти Суғди Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани тамошобинони мақсадноки ширкатҳои
телевизионӣ, ки дар байни онҳо паёми таблиғотии корхонаҳо паҳн карда мешавад,
тадқиқ карда шуданд. Ҳиссаи тамошобинони мақсадноки ширкатҳои телевизиониро дар
муқоиса бо ҳиссаи гурӯҳи мақсаднок дар байни тамоми тамошобинони ширкатҳои
телевизионӣ бо воситаи усули аффинитӣ – индекс (Affinity index) ё индекси мутобиқат
муайян карда шуд. Индекси аффинитӣ барои дуруст арзёбӣ кардани тамошобинони
мақсадноки шабакаҳои телевизионӣ имкон медиҳад бо таҳлили вақти тамошо дар синну
сол ва ҷинси тамошобинон, вақти оптималии пахши таблиғот муайян карда шавад.
Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилояти Суғд барои
ба даст овардани самараи беҳтарин аз таблиғоти маҳсулоти худ истифода шаванд.

Калидвожаҳо

рушди устувор, иқтисодиёти минтақа, телевизион, таблиғот, таблиғоти телевизионӣ, ширкатҳои телевизионӣ, самаранокӣ, рейтинг, тамошобинони мақсаднок, индекси аффинитӣ, вақти беҳтарин.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Авезов А.Х., Урунов А.А., Рахими Ш. Стратегическое управление устойчивым

развитием промышленности РТ // Ученые записки Худжандского государственного

университета им. академика Б. Гафурова. Серия: Естественные и экономические науки.

2017. № 2 (41). С. 190–194.

2. Вартанова Е.Л. Медиаэкономика зарубежных стран: учеб. пособие. – М.:

Аспект Пресс, 2003. – С. 335.

3. Ганопольский М.Г. Устойчивое развитие ре-гиона: вопросы методологии //

Налоги. Инвестиции. Капитал. 2000. № 1. С. 4.

4. Джоэл Дж. Исследование в рекламной деятельности. Теория и практика. М.:

Вильямс. – 2003. – С. 864.

5. Исследование телевизионного рынка Таджикистана за 2014 г. – Душанбе:

Интерньюс Нетуорк. – 2014. – С.62.

6. Картер Г. Эффективная таблиғот. – М.: Прогресс, 2011. – С. 380.

7. Косимова М.Х. Исследование целевой аудитории региональных телеканалов

аффинитивным методом. В сборнике: Cовременные технологии: актуальные вопросы,

достижения и инновации. Сборник статей XIV международной научно-практической

конференции. г. Пенза 2018 С. 116-120.

8. Рой О.М. Исследование социально-экономических и политических процессов/О.

М. Рой.- СПб.:Питер, 2004. – С. 364.


Таърихи нашр

2026-03-22