ХУСУСИЯТҲОИ МУҚОИСАВИИ ТАБИАТИ ИҚТИСОДИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ВА БУҶЕТИ БА НАТИҶА НИГАРОНИДАШУДА

Муаллифон

Ҳасанов Ф.А.номзади илмхои иктисоди, омӯзгори калон, кафедраи молия ва қарз,
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.С. Осимӣ, ш.Хучанд, Чумхурии Точикистон, hasanovfarruh1985f@gmail.com

Чакида

Дар мақолаи мазкур табиати буҷет дар шароити муосир таҳқиқ
мешавад. Муаллиф қайд мекунад, ки дар айни замон тибқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон то соли 2030 манбаи асосии татбиқи он буҷети давлатӣ мебошад.
Муносибати муаллиф дар дарки табиати буҷет ҳамчун нақшаи молиявии давлат муайян
карда мешавад, ки он пеш аз ҳама ба сифатан қонеъ гардонидани талаботи ҳар як
шаҳрванд нигаронида шудааст, зеро вай иштирокчии ташаккули фонди мутамаркази
кишвар мебошад, аз ин рӯ, ҳуқуқ дорад, ки барои кадом эхтиёҷот ҷудо карда мешавад,
хабардор шавад. Аз сабаби он, ки буҷет «низоми хунгард» аст, хусусан дар он кишварҳое,
ки дар чараёни густариш ба муносибатҳои бозорӣ қарор доранд, муаллиф вазифаҳои
иҷтимоию иқтисодии буҷетро аниқ намуда, вазифаи ташаккули равиши илмии худро ба
миён мегузорад, ки аз буҷети мавҷуда бо тафсилоти бештар фарқ мекунад, дар робита
бо воқеияти муосир хусусияти буҷетро ошкор мекунад. Систематизатсияи афкори
мухталифи олимони асрҳои XVIII-XIX ва ибтидои XX гузаронида шуда оиди характери
буҷет пешниҳод карда мешавад, ки буҷет ҳамчун категорияи серсоҳа ва мураккаб ҳисоб
карда шавад. Минбаъд, масъалаи баррасии модели ба натиҷа нигаронидашудаи буҷетӣ
гузошта мешавад, ки он ҳамчун модели муайяни ташкили раванди буҷет, ки
азнавтақсимкунии захираҳои буҷетро вобаста ба натиҷаҳои аз фаъолияти мақомоти
иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ба даст овардашуда пешбинӣ менамояд, мефаҳмад. Дар ин
замина, имкониятҳои қабули қарорҳои идоракунӣ дар асоси истифодаи маълумот дар
бораи натиҷаҳои бадастомада қайд карда шуда, таҳлили муқоисавии усули
буҷетикунонии бандҳо ва модели ба натиҷа нигаронидашудаи буҷетӣ гузаронида
мешавад. Дар робита ба ин, муаллиф пешниҳод менамояд, ки ҳангоми муқаррар
намудани нишондиҳандаҳои хароҷот, ки дар навбати худ ба ноил шудан ба натиҷаҳо
нигаронида шудаанд, аз усули бандӣ ба буҷеткунонии ба натиҷа нигаронидашуда,
таҳияи дархостҳои буҷетӣ дар асоси роҳҳои алтернативии ба даст овардани натиҷаҳо,
таҳияи механизм барои баҳодиҳии миқдорӣ ва сифатии натиҷаҳои бадастомада ва
табдил аз тақсимоти сметавӣ ба маблағҳои мақсадноки-барнома гузаронида шавад. Ин
тадбирҳо имкон медиҳанд, ки мустақилияти бештар дар ихтиёрдории маблағҳои
буҷетӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ҳадафу вазифаҳои
муқарраршуда таъмин карда шавад.

Калидвожаҳо

Дар мақолаи мазкур табиати буҷет дар шароити муосир таҳқиқ мешавад. Муаллиф қайд мекунад, ки дар айни замон тибқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 манбаи асосии татбиқи он буҷети давлатӣ мебошад. Муносибати муаллиф дар дарки табиати буҷет ҳамчун нақшаи молиявии давлат муайян карда мешавад, ки он пеш аз ҳама ба сифатан қонеъ гардонидани талаботи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст, зеро вай иштирокчии ташаккули фонди мутамаркази кишвар мебошад, аз ин рӯ, ҳуқуқ дорад, ки барои кадом эхтиёҷот ҷудо карда мешавад, хабардор шавад. Аз сабаби он, ки буҷет «низоми хунгард» аст, хусусан дар он кишварҳое, ки дар чараёни густариш ба муносибатҳои бозорӣ қарор доранд, муаллиф вазифаҳои иҷтимоию иқтисодии буҷетро аниқ намуда, вазифаи ташаккули равиши илмии худро ба Khasanov F.A. Comparative characteristics of the economic nature of the state budget and the budget oriented for result 92 миён мегузорад, ки аз буҷети мавҷуда бо тафсилоти бештар фарқ мекунад, дар робита бо воқеияти муосир хусусияти буҷетро ошкор мекунад. Систематизатсияи афкори мухталифи олимони асрҳои XVIII-XIX ва ибтидои XX гузаронида шуда оиди характери буҷет пешниҳод карда мешавад, ки буҷет ҳамчун категорияи серсоҳа ва мураккаб ҳисоб карда шавад. Минбаъд, масъалаи баррасии модели ба натиҷа нигаронидашудаи буҷетӣ гузошта мешавад, ки он ҳамчун модели муайяни ташкили раванди буҷет, ки азнавтақсимкунии захираҳои буҷетро вобаста ба натиҷаҳои аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ба даст овардашуда пешбинӣ менамояд, мефаҳмад. Дар ин замина, имкониятҳои қабули қарорҳои идоракунӣ дар асоси истифодаи маълумот дар бораи натиҷаҳои бадастомада қайд карда шуда, таҳлили муқоисавии усули буҷетикунонии бандҳо ва модели ба натиҷа нигаронидашудаи буҷетӣ гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, муаллиф пешниҳод менамояд, ки ҳангоми муқаррар намудани нишондиҳандаҳои хароҷот, ки дар навбати худ ба ноил шудан ба натиҷаҳо нигаронида шудаанд, аз усули бандӣ ба буҷеткунонии ба натиҷа нигаронидашуда, таҳияи дархостҳои буҷетӣ дар асоси роҳҳои алтернативии ба даст овардани натиҷаҳо, таҳияи механизм барои баҳодиҳии миқдорӣ ва сифатии натиҷаҳои бадастомада ва табдил аз тақсимоти сметавӣ ба маблағҳои мақсадноки-барнома гузаронида шавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки мустақилияти бештар дар ихтиёрдории маблағҳои буҷетӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ҳадафу вазифаҳои муқарраршуда таъмин карда шавад.

Таърихи нашр

2026-03-22