САМТҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МЕТОДИИ БАҲОДИҲӢ БА САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАВӢ

Муаллифон

Каюмова С.А.омӯзгори калон, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,ш. Хуҷанд,
Чумхурии Тоҷикистон, suraida@mail.ru

Чакида

Муаммои рушди минтақавӣ масъалаи актуалӣ буда, яке аз роҳҳои ҳалли
он дигаргунсозии куллӣ дар низоми идоракунӣ мебошад. Ҷанбаи асосии такмили
идоракунии минтақавӣ гузаштан аз идоракунии фаъолияти минтақа ба идоракунии
рушди минтақа аст. Аҳамияти охирин дар гузаронидани низом ба чунин самте мебошад,
ки аз як тараф, ба нигоҳ доштани низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва аз тарафи дигар, барои
таъмини пешравии фаъолияти минтақавӣ мусоидат мекунад. Баҳодиҳии самаранокии
идоракунии минтақа ва коркарди самтҳои такмили он айни замон яке аз масъалаҳои
актуалӣ на танҳо аз ҷиҳати илмӣ, балки аз нуқтаи назари амалӣ низ мебошад. Дар
робита ба ин, мақсади тадқиқот таҳия ва интихоби илмии усулҳои баҳодиҳии
самаранокии идоракунии минтақа ба ҳисоб меравад. Муайян карда шудааст, ки
идоракунии минтақавӣ як самти фаъолияти давлатиест, ки барои ташкил ва танзими
ҳаёти аҳолии минтақаҳои кишвар аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи
минтақавӣ масъул мебошад. Мақсади асосии идоракунии минтақавӣ, ин баландбардории
қонеъгардонии аҳолии ҳудуди муайян аз ҷиҳати эҳтиёҷоти иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз
ҳисоби рушди комплексии минтақа мебошад. Самаранокӣ ин меъёри арзёбии
ҳамаҷонибаи идоракунӣ дар ҳама гуна соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад ва он ба натиҷаи
меҳнат ва сарфакорӣ вобастагӣ дорад. Омилҳои асосии ба самаранокии идоракунии
минтақавӣ таъсиррасонанда: аввалан, мақсади воқеӣ ва сифати ҳадафгузорӣ. Дуюм,
мувофиқати стратегияҳои интихобшуда ба ҳадафҳо, интихоби вариантҳои аз ҳама
сарфакорона. Сеюм, сифат ва миқдори захираҳое, ки барои ноил шудан ба мақсад
заруранд. Самаранокии идоракунӣ одатан тавассути натиҷаҳо чен карда мешавад, ки
онҳо ҳамчун нишондиҳандаҳои ғайримустақим, ба монанди сифати хизматрасониҳои
пешниҳодшуда ифода меёбанд. Самаранокии идоракунии давлатии минтақаро
тавассути таҳлили фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ (МИҲ) метавон арзёбӣ
кард. Ҳамзамон барои гузаронидани чунин баҳодиҳӣ дар илм ва амалия як қатор усулҳо
таҳия шудаанд, ки ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи давлатӣ қабул карда
шуданд. Вобаста аз усулҳои омӯхташуда муайянмешавад, ки барои баҳодиҳии
идоракунии минтақавӣ нишондиҳандаҳои интеграллӣ низ истифода бурда мешаванд. Дар
умум маълум шудааст, ки аз самаранок идора кардани минтақа сатҳ ва сифати
зиндагии аҳолӣ вобастагии зич дорад.

Калидвожаҳо

идоракунӣ, минтақа, самаранокӣ, самаранокии идоракунӣ, баҳодиҳӣ, усулҳои баҳодиҳӣ, нишондиҳандаҳои интегралӣ, мақомоти иҷроия, ҳокимияти давлатӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Авезова М.М., Вохидова А.А. Алгоритм формирования стратегии развития

предприятий на региональном рынке. Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими.

2019. № 3 (12). С. 57-74.

2. Авезова М.М., Юсупова М.З. Методические и практические аспекты системы

оценки менеджмента качества образования в Согдийской области Республики

Таджикистан на основе компетентностного подхода. Вестник Таджикского

национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук.

2019. № 8. С. 135-142.

3. Буховец Т.В. Организация государственного управления. Краткий конспект

лекций для иностранных студентов/ Т.В. Буховец. – Белорусия, 148 с.

4. Всемирный банк. (2018). Стратегическое планирование регионального разви-

тия: принципы и инструменты. Вашингтон, округ Колумбия: Всемирный банк.

5. Калинина А.Э. / Интегральная многофакторная оценка эффективности

управления регионом в условиях модернизации Российской экономики/ Вестн. Волгогр.

гос. ун-та. Сер. 3, Экон. Экол. 2012. № 1 (20)

6. Калинина А.Э., Соколов А.Ф /Эффективность управления регионом в условиях

модернизационных преобразований российской экономикой и развитие информатизации/

А.Э.Калинина., А.Ф.Соколов/ Экономика региона № 3/2013. Социально – экономические

проблемы регионов.

7. Каплан, Р. С., и Нортон, Д. П. (1996). Сбалансированная система показате-

лей: воплощение стратегии в действие. Бостон: Гарвардская деловая пресса. 2010.

8. Константинова, Н.Н. Подходы к оценке эффективности управления регио-

нальными системами социальной защиты [текст] / Константинова Н.Н., Юнгблюд Л.Г.

// Проблемы современной экономики. – № 4. – 2010. С. 276-277.

9. Қаюмова С.А / Баҳодиҳии самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ – иқтисодии

минтақа дар асоси баландбардории сифати ҳаёти аҳолӣ/ С.А. Қаюмова / Паёми ДПДТТ

ба номи академик М.С. Осимӣ.2022. № 2 (23). С. 99-110.

10. Нагимова А.М. Эффективность деятельности государственных органов

управления как фактор повышения качества жизни в регионе: проблемы оценки и

измерения. Монография/ А.М. Нагимова. -Казань – 2009.

11. Николаев М.А. Региональная экономика и управление территориальным

развитием. Учебное пособие / М.А. Николаев, М.Ю. Махотаева. – Псков: Псковский

государственный университет, 2014. – 256 с.

12. Отабоев Ш.Х. / Методические вопросы оценки эффективности деятельности

местных органов власти/ Региональная экономика: теория и практика, 2018, т. 16, вып.

8, стр. 1415–1428.


13. Тюриков А.Г., Якунин А.С./ Оценка эффективности управления регионом и

качество жизни населения/ научный интернет журнал «Мир науки» Выпуск 3 -2013г.

14. https://spravochnick.ru/gosudarstvennoe_i_municipalnoe_upravlenie/regionalnoe_u

pravlenie_i_territorialnoe_planirovanie/. http://fin-izdat.ru/journal/region/дата обращения

12.08.23.

15. http://www.bibliotekar.ru/upravlenie-6/34.htm. 12.08.23


Таърихи нашр

2026-03-22