РАВАНДИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

Акрамова Заррина Башировнаномзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru

Чакида

Мақола ба таҳлили ҳамаҷонибаи раванди рақамисозӣ ва таъсири он ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, иқтисод ва тиҷорат бахшида шудааст. Да он мафҳумҳои калидӣ, аз қабили рақамисозӣ, иқтисоди рақамӣ, автоматикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин татбиқи амалии онҳо дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карда мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки рақамисозӣ самаранокии корхонаҳоро ба таври назаррас беҳтар мекунад, равандҳои тиҷоратиро оптимизатсия ва ба баланд бардоштани сифати хидматҳои пешниҳодшуда мусоидат мекунад. Ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили автоматикунонии роботии равандҳо (RPA), автоматикунонии зеҳнӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, таҳлили амиқ ва таҳлили додаҳои калон, ки баҳри суръат бахшидан ба қабули қарорҳо ва баланд бардоштани дақиқияти пешгӯиҳо мусоидат мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Дар заминаи Тоҷикистон мақола ба ташаббусҳои стратегии ҳукумат, ки ба рақамисозии иқтисодиёт нигаронида шудаанд, ба монанди таъсиси маркази СПЕКА оид ба зеҳни сунъӣ, қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва ҳавасмандгардонии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққат медиҳад. Муаллиф инчунин тавсияҳоро оид ба татбиқи самараноки рақамисозӣ ва автоматикунонӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, омӯзиши кадрҳо ва эҷоди ҳавасмандгардонӣ барои лоиҳаҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунад. Дар хулосаи мақола таъкид мешавад, ки рақамисозӣ унсури калидии рушди муосир мебошад, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандон зарур аст.

Калидвожаҳо

рақамисозӣ, иқтисоди рақамӣ, трансформатсияи рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ, таҳаввулоти технологияҳои рақамӣ, инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ, ҳисобҳои ғайринақдӣ, рақамисозии тиҷорат, рушди технологияҳои рақамӣ, қонунгузорӣ дар соҳаи рақамисозӣ, стратегияи иқтисоди рақамӣ.

Таърихи нашр

2026-03-25