МАСОИЛИ МУБРАМИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақола масъалаҳои мубрами рушди сармояи инсонӣ ва нақши он дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ баррасӣ шудаанд. Нақши бунёдии сармояи инсонӣ дар ташаккули бартарии устувори рақобатии иқтисодиёт исбот гардида, дурнамои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар асоси истифодаи самараноки сармояи инсонӣ муайян карда шудааст. Самтҳои ислоҳоти дахлдор пешниҳод гардида, субъектҳои ташаккули сармояи инсонии босифат дар низоми омилҳои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ муайян карда шудаанд. Муаллиф нақши муҳими ислоҳоти низоми маориф ва илмро ҳамчун афзалияти асосӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии саноати миллӣ дар мақола баррасӣ менамояд. Дар заминаи натиҷаҳои бадастомада зарурати тағйироти куллӣ ва стратегӣ дар тайёр кардани кадрҳои касбҳои корӣ бо таваҷҷуҳ ба қонеъ гардонидани талаботи бозори муосири меҳнат дар мутахассисони соҳибтахассуси зинаи миёна таъкид карда мешавад. Қадами муҳим дар ин самт татбиқи низоми дуалии таълим ва ташаккули арзишҳои муосир дар низоми таълими кадрҳои касбӣ мебошад. Зарурати ислоҳоти куллӣ дар соҳаи илми академӣ, аз ҷумла гузариш ба маблағгузории лоиҳавӣ ва беҳтар кардани механизми идоракунии фаъолияти илмӣ нишон дода шудааст. Хулоса, гузариш ба низоми донишгоҳҳои миллии тадқиқотӣ ҳамчун роҳи ҳамгироии самараноки илм ва маориф, мусоидат ба муҳити инноватсионӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос пешниҳод карда мешавад.
Калидвожаҳо
сармояи инсонӣ, рақобатпазирӣ, маориф, илм, инноватсия, сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, рушди устувор, самаранокӣ.
Таърихи нашр
2026-03-25