НИЗОМИ ШИНОХТИ ИБОРАҲОИ КАЛИДӢ ДАР НУТҚ ДАР МИСОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Муаллифон
Чакида
Дар тадқиқоте, ки дар ин мақола пешниҳод гардидааст, натиҷаҳои бадастомада бо истифодаи алгоритмҳои муосири динамикии муваққатӣ баррасӣ мешавад. Он барои шинохти калимаҳои ибораҳои калидӣ истифода мешавад. Барои амсиласозии фонема аз имконияти амсилаи махфии Марков истифода бурда шудааст, ки яке аз ҷузъҳои асосии раванди шинохти калимаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Ин амсила имкон медиҳад, ки хосиятҳои эҳтимолии фонемаҳоро ба ҳисоб гирифта, дар натиҷа, дақиқии шинохти ибораҳои калидӣ дар аниқ кардани овозҳо ва калимаҳо таъмин кунанд. Ибораҳои калидӣ бо пайдарпайи унсурҳои овозӣ дар намуди транскрипсияи ҳиҷоҳо пешниҳод мешаванд. Натиҷаи ҷустуҷӯи ибораҳои калидӣ дар маҷмӯи додаҳои на он қадар калони сабти овози иштирокчиён оварда шудааст. Алгоритми махсуси ҷустуҷӯи ибораҳои калидӣ дар пайдарпаии фонемаҳои нутқ, дар мисоли ҳиҷо коркард карда шудааст. Дар мавриди таҳияи корпуси овози забони тоҷикӣ алгоритми пешниҳодшуда барои ҷустуҷӯи аломатҳои фонетикӣ дар додаҳои калони нутқӣ, мавриди истифода қарор дода мешавад. Натиҷаи мақола ин низоми шинохти ибораҳо ва калимаҳои калидӣ дар нутқ дар мисоли забони тоҷикӣ пешниҳод менамояд.
Калидвожаҳо
шинохти овоз, фонемаҳои нутқ, корпуси овоз, амсилаи махфии Марков, ҷустуҷӯи ибораи калидӣ дар нутқ, забони тоҷикӣ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Вишнякова, О. А. Алгоритм фонемной сегментации на основе анализа скорости изменения энергии дискретного вейвлет-преобразования / О. А. Вишнякова, Д. Н. Лавров // Информационные технологии. – 2011. – № 4. – С. 146–152.
2. Дадобоев, А.А. Алгоритми шинохтагирии нутқ. / А.А. Дадобоев // “Номаи донишгоҳ” силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ. – 2024. – No. (3) 67. – P. 12-15.
3. Дадобоев, А.А. Модели математикии шинохтагирии овоз / А.А. Дадодоев // Паёми политехникӣ: Бахши Интеллект. Инноватсия. Инвеститсия. – 2023. – No. (1) 61. – P. 27-33. – EDN VNMJGH.
4. Мақсудов, А. Т. Оид ба низоми шинохти худкори калимаҳои калидӣ дар рафти нутқи гуфтугӯӣ / А. Т. Мақсудов, Х. А. Худойбердиев, М. Т. Солиева // Паёми политехникӣ. Бахши: Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия. – 2024. – No. 2(66). – P. 57-60. – EDN SYWKAD.
5. Худойбердиев, Х. А. Амсиласозии раванди шинохти нутқ дар заминаи нутқи забони тоҷикӣ / Х. А. Худойбердиев, Б. Х. Ашурзода // Политехнический вестник. Серия: Интеллект. Инновации. Инвестиции. – 2022. – No. 2(58). – P. 39-42. – EDN VNMJGH.
6. Худойбердиев, Х. А. Сегментация речевого сигнала на базе слоговых структур таджикского языка / Х. А. Худойбердиев // Новые информационные технологии в автоматизированных системах. – 2018. – № 21. – С. 181-182. – EDN XNRSBF.
Таърихи нашр
2026-03-26