УСУЛҲОИ АРЗЁБИИ АВТОМАТИИ МАТНҲОИ ЭССЕ: НАЗАРИЯ ВА РАВИШҲОИ КОНСЕПТУАЛӢ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола тарзи таҳияи низоми арзёбии автоматии матнҳои эссе бо истифода аз усулҳои муосири омӯзиши мошинӣ ва коркарди забони аслӣ баррасӣ мешавад, ки ба автоматикунонӣ ва беҳтар намудани раванди арзёбии корҳои хаттии донишҷӯён равона шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи алгоритмҳои гуногуни таснифот ва шабакаҳои амиқи нейронӣ, ба монанди ҷангали тасодуфӣ, регрессияи логистикӣ ва шабакаҳои нейронии рекуррентӣ, аз ҷумла LSTM (хотираи дарозмуддату кутоҳмуддат) равона шудааст. Дар мақола раванди пешкоркарди маълумотҳо, ки лемматизатсия ва токенизатсияи забони тоҷикиро дар бар мегирад, муфассал тавсиф шудааст. Дар натиҷа аҳамияти мутобиқ намудани усулҳои коркарди матнро вобаста ба хусусиятҳои ин забон таъкид мекунад. Ҳамчунин истифодаи алгоритми TF-IDF барои пешниҳоди матнҳо дар шакли рақамӣ баррасӣ мешавад, ки он марҳилаи муҳими тайёр намудани маълумот барои омӯзиши амсилаҳо мебошад. Ба сифати платформа барои омӯзиш TensorFlow ва Keras истифода мешавад. Бо назардошти мураккаб будани кор бо забони тоҷикӣ, муаллифон натиҷаҳои таҷрибаҳоро пешниҳод мекунанд, ки нишондодҳои баланди дақиқияти амсиларо бо MAE 3.47-ро нишон медиҳанд. Ин ҳолат самаранокии равиши пешниҳодшударо тасдиқ мекунад. Интизор меравад, ки низоми таҳияшуда объективнокӣ, дақиқӣ ва суръати арзёбии корҳои хаттии донишҷӯёнро дар муассисаҳои таълимӣ баланд мебардорад.
Калидвожаҳо
арзёбии автоматӣ, омӯзиши мошинӣ, коркарди забони аслӣ, шабакаҳои нейронии амиқ, токенизатсия.
Таърихи нашр
2026-03-26