ДУРНАМОИ РУШДИ МАРКЕТИНГИ САРМОЯГУЗОРӢ БАРОИ ФАЪОЛ КАРДАНИ РАВАНДҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР САНОАТ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола динамикаи сармоягузориҳои асосӣ аз рӯи соҳаҳои саноати Тоҷикистон таҳлил карда шудааст, ки дар асоси он коҳиши фаъолнокии сармоягузорӣ дар бахши саноат муайян гардид. Асоснок карда шуд, ки рушди маркетинги сармоягузорӣ дар асоси таҳқиқ ва таҳлили тамоюлоти бозор ба ҳамкории оқилонаи корхона ва механизми бозор мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки манфиатҳои мутақобилаи иштирокчиёни бозор, ҳавасмандгардонии талабот, ташаккул додани шарикиҳои дарозмуддат ва боэътимод оптималӣ гардонида шавад ва дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории корхонаҳо ва пурзӯр намудани равандҳои сармоягузорӣ дар саноат мусоидат мекунанд. Дар мақола имкониятҳои функсионалии маркетинги сармоягузорӣ барои таъмини фаъолнокии сармоягузорӣ, хусусиятҳои он дар бахши саноат баррасӣ гардида, унсурҳои таркибии маркетинги сармоягузорӣ ошкор карда шуда, шартҳо, ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва воситаҳои он муайян карда шуда, инчунин марҳила ба марҳила пешниҳод карда мешаванд, ҳамчунин алгоритми татбиқи маркетинги сармоягузорӣ дар фаъолияти сохторҳои тиҷоратӣ. Бо дарназардошти маркетинги сармоягузорӣ дар заминаи фаъолгардонии равандҳои сармоягузорӣ дар саноат, дар мақола самтҳои консептуалии маркетинги сармоягузории дар тамоюлоти муосир мубрам, ки бо интенсификатсияи рушди технологияҳои нави рақамӣ, рушди устувор, рушди бозори байналхалқии сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани инклюзивӣ ва импактсармоягузорӣ алоқаманданд, тавсиф карда шудаанд.
Калидвожаҳо
сармоягузорӣ, фаъолияти сармоягузорӣ, маркетинги сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, саноат, воситаҳои сармоягузорӣ, пешбурд, механизми бозорӣ, оптималигардонӣ, фаъолсозӣ.
Таърихи нашр
2026-03-27