РАВАНДҲОИ ТАВАРРУМӢ ВА АЛОҚАМАНДИИ ОНҲО БО ТАВОЗУНИ ПАРДОХТИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар шароити рушди номуайянии иқтисоди ҷаҳонӣ муаммои таваррум хусусияти глобалӣ касб мекунад, зеро пурзӯр шудани равандҳои ҳамгироӣ боиси осебпазирии назарраси иқтисоди кушод мегардад. Ин махсусан ба равандҳои таваррумӣ дахл дорад, зеро равандҳои таваррум ба таъсири беруна бештар осебпазиранд. Дар робита ба ин, зарурати таҳқиқи хусусиятҳои баҳамалоқамандии равандҳои таваррумӣ бо ҷузъҳои таркибии тавозуни пардохти давлат ба миён меояд. Дар мақолаи пешниҳодшуда робитаи мавҷудаи равандҳои таваррум бо тавозуни пардохти Тоҷикистон таҳлил карда шудааст. Дар ин ҳолат, хусусияти таъсири тавозуни пардохт ба омилҳои асосии таварруми талабот: афзоиши даромади аҳолӣ, сохтори афзалиятҳои истеъмолӣ, интишори пул, касри буҷет, хароҷоти давлатӣ ва ҳаҷми массаи пулӣ ошкор карда шудааст. Ҳамчунин таъсири моддаҳои тавозуни пардохт ба омилҳои таварруми пешниҳод: афзоиши хароҷот, музди меҳнат, меъёри фоида, бори андоз, коҳиши истеҳсолот, мизони фоиз аз рӯи қарз, ҳосилнокии меҳнат ва сармоягузорӣ низ баррасӣ карда мешавад. Асоснок карда шудааст, ки воридшавии молия ва сармоягузорӣ дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад фишори таваррумро ба вуҷуд орад, ки ба афзоиши маҷмуи талабот мусоидат мекунад. Аммо дар давраи дарозмуддат онҳо омили рушди иқтисодиро ташкил медиҳанд. Яъне, ба туфайли ин ҷараёнҳои молиявию сармоягузорӣ, дар маҷмӯъ, афзоиши истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт ба амал меояд, ки минбаъд ба пастшавии сатҳи таваррум оварда мерасонад.
Калидвожаҳо
равандҳои таваррумӣ, омилҳои таваррум, ҷаҳонишавӣ, тавозуни пардохт, тавозуни савдо, ҷараёнҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ, динамикаи қурби асъор.
Таърихи нашр
2026-03-27