АРЗЁБИИ САТҲИ РАҚАМИКУНОНИИ КОРХОНА ДАР СОҲАИ ИДОРАИ IT ЛОИҲАҲО

Муаллифон

Акрамова З.Б.номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, декани факултети информатика ва энергетика, Донишкадаи политехникии Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумхурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru

Чакида

Дар шароити рақамикунонии босуръати муҳити тиҷорат, автоматикунонии идоракунии IT лоиҳаҳо ба зарурат табдил ёфта, идоракунии самаранок ва оптимизатсияи равандҳоро таъмин мекунад. Барои корхонаҳо муҳим аст, ки роҳҳои оптималии баланд бардоштани автоматикунонии идоракунии лоиҳаҳои IT-ро муайян ва татбиқ кунанд, то ба талаботи зудтағйирёбандаи бозор ва таъмини рақобатпазирӣ дар иқтисоди рақамӣ ҷавобгӯ бошанд. Ин на танҳо мушкилоти нави технологӣ ворид мекунад, балки тағйиротро дар фарҳанги корпоративӣ ва равандҳои идора низ талаб мекунад. Рақамикунонӣ тамоюли калидии рушди инноватсионӣ мебошад, ки барои инсоният оқибатҳои амиқ дошта, муносибатҳои байни одамон, давлат ва тиҷоратро дигаргун месозад ва ҳамчунин боиси тағйирот дар сохтори ҷомеа ва иқтисод мегардад. Азбаски шумораи бештари одамон технологияҳои рақамиро фаъолтар ва васеътар истифода мебаранд, маълумот манбаи асосии рушд мегардад. Дар таҳқиқот индекси рақамикунонии IT хидматрасонӣ арзёбӣ гардид, ки сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии равандҳои тиҷорат, малакаҳои рақамии кормандон, хароҷоти татбиқ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ва амнияти киберназариро инъикос мекунад. Таҳқиқот нишон дод, ки соли 2023 дар натиҷаи афзоиши қиматҳои се зериндекс индекси рақамикунонӣ ба 0,7 баробар гардидааст: «Истифодаи технологияҳои рақамӣ», «Хароҷоти татбиқ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ» ва «Маҳорати рақамии кормандон».

Калидвожаҳо

рақамикунонӣ, идораи лоиҳа, усулҳо, равиш, воситаҳо, сатҳи рақамикунонии корхона, автоматикунонии раванди идора.

Таърихи нашр

2026-03-27