ТАҲЛИЛИ АМСИЛАҲОИ БАҲОДИҲӢ БА САМАРАНОКИИ СТРАТЕГИЯИ МОЛИЯВИИ КОРХОНАҲОИ ВАТАНӢ

Муаллифон

Раҳмонқулова Л.З.ассистент, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, lola.rahmonqulova@mail.ru
Ишонова С.С. – омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Sarvar_1975@mail.ru

Чакида

Дар марҳилаи муосири рушди менеҷменти корхона амсилаҳои устувори стратегияи молиявӣ вуҷуд доранд, ки дар як қатор корхонаҳои ватанӣ мавриди таҷриба қарор гирифтаанд. Дар баробари ин ҷустуҷӯи методика ва амсилаҳои нави стратегияи молиявии корхонаҳо идома дорад. Зеро асоси амсилаҳои мавҷударо хусусияти инфиродии корхонаҳо ташкил мекунанд ва зарур аст, ки бо дарназардошти ин хусусиятҳо амсилаҳои стратегие коркард шаванд, ки ба соҳа ва самти фаъолияти як қатор корхонаҳои фаъолиятбаранда равона шуда бошанд. Ба гуфтаи олимони муосир усулҳои баҳодиҳии классикии молиявии фаъолияти корхона ба талаботи зиёдшавандаи шахсони ҳавасманд қисман ҷавобгӯ буда, омилҳои зиёди барои роҳбарият ва соҳибмулкон муҳимро дар бар намегиранд. Яъне, дар баробари нишондиҳандаҳои молиявӣ ба фаъолияти корхона дороиҳои ғайримоддӣ ба монанди бренд, технологияҳои инноватсионӣ, малака ва таҷрибаи кормандон ва монанди инҳо низ таъсири назаррас доранд ва рушди фаъолияти корхонаро таъмин мекунанд. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки усулҳои асосии баҳодиҳии самаранокии стратегияи молиявии корхонаҳо дида баромада шуда, ақидаи мавҷудаи олимон дар соҳаи таъмини самаранокии фаъолияти онҳо дар асоси стратегияи молиявӣ омӯхта шаванд. Усулҳои баҳодиҳии самаранокии стратегияи молиявии корхона дар асоси арзиши корхона аз рӯи даромад, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ шаш усул: дисконтиронии ҷараёнҳои пулӣ, капитализатсияи даромадҳо, арзиши бозории иловашуда (MVA), арзиши иқтисодии иловашуда (EVA), арзиши иловашудаи сармояи саҳҳомӣ (SVA), опсионҳои ҳақиқӣ (ROV) – ро ташкил мекунанд, дида баромада шуда, таъсири яке аз онҳо, арзиши иқтисодии иловашуда (EVA) бо амсилаҳои стратегияи молиявӣ муайян карда шуд. Вобастагии усулҳои баҳодиҳии самаранокии стратегияи молиявӣ бо амсилаҳои стратегияи молиявӣ дида баромада шуда, имкониятҳои истифодаи он дар амалияи корхонаҳои ватанӣ пешбинӣ шуд.

Калидвожаҳо

усулҳои баҳодиҳӣ, стратегияи молиявӣ, самаранокӣ, бренд, технологияҳои инноватсионӣ, капитализатсияи даромадҳо, арзиши бозории иловашуда (market value added (MVA)), арзиши иқтисодии иловашуда (EVA), арзиши иловашудаи сармояи саҳҳомӣ (SVA).

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Воробьев А.В. Сравнительный анализ и обобщение методик формирования финансовой стратегии корпорации // Сборник материалов научно-методической конференции профессорско-преподавательского состава, аспирантов и специалистов, юбилейный выпуск ВГАВТ. – Нижний Новгород, 2005. – 240 с.

2. Крылов С.И. Анализ эффективности деятельности и использования ресурсов коммерческой организации // Финансовый вестник: финансы, налоги, страхование, бухгалтерский учет. – 2011. – №8.

3. Курносова Е.А. Основные методы оценки эффективности финансовой стратегии организации // Актуальные вопросы экономических наук. – 2016.

4. Лисовская И.А. Финансовая стратегия: путь к финансовому успеху и стабильности // Инициативы XXI века. 2009. № 3.

5. Почитаев А.Ю., Ахметов Р.Р. Сравнительный анализ матричных моделей финансовых стратегий // УЭкС. 2016. №11 (93).

6. Раҳмонқулова Л.З. Моҳият ва мақсади коркарди стратегияи молиявӣ ҳамчун воситаи таъмини рушди фаъолияти ташкилот // Маҷаллаи илмӣ-техникӣ Паёми ДПДТТ 2019 №4 (13). – С. 132–139.

7. Черный Ю.И., Рейнгольд Е.А. Стоимость бизнеса и стратегия развития компании: основные принципы построения интегрированной системы // Международная академия оценки и консалтинга. – РИО МАОК, 2009.

8. Усенко А.М. Оценка эффективности финансовой стратегии предприятия и управление ее реализацией // Финансовые исследования. – 2007. – № 16. – С. 63-70.


 


Таърихи нашр

2026-03-28