ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои фаъолият ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар вилояти Суғд баррасӣ шудаанд. Маълум аст, ки вилояти Суғд аз ҷиҳати омилҳои агроиқлим ва хок ниҳоят гуногунранг аст ва дар ин асос 4 микроминтақаи табиию иқтисодии хоҷагии қишлоқ ҷудо карда шудааст, ки он тафовути шароити табиии маҳаллӣ ва муаммоҳои иқтисодии хоҷагии қишлоқ, хусусиятҳои рушди хоҷагиҳои шахсии ёрирасони аҳолиро дар микрозонаҳои (микроминтақаҳо) вилоят муайян мекунад. Дар мақола нишондиҳандаҳои рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва таҳлили хусусиятҳои ташаккули соҳаи кишоварзӣ дар вилоят гузаронида шудааст, ки солҳои охир дар соҳа ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои зиёдро тавсиф мекунад, аз он ҷумла ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ (зиёда аз нуҳ шакл) дар соҳаи кишоварзӣ. Таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои ҳиссаи хоҷагиҳои шахсии ёрирасони аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯйи ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд ва динамикаи он дар солҳои 2016-2022, динамикаи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо, сохтори миёнарави ба субъектҳои кишоварзии вилояти Суғд хизматрасонанда оварда шудааст. Муайян карда шуд, ки дар хоҷагиҳои шахсии вилоят афзоиши бештари нишондиҳандаҳо дар истеҳсоли картошка, сабзавот, тухм мушоҳида карда мешавад. Истеҳсоли гӯшту шир аз сабаби душвориҳои иқтисодии ин соҳаҳо нисбатан суст инкишоф ёфтааст ва муҳиммияти рушди ин соҳаҳо дар асоси эътиборияти хусусиятҳои фаъолияти хоҷагиҳои наздиҳавлигии муосир, ба монанди бо кори муътадил ва озуқаворӣ таъмин будани ҳамаи аъзоёни хоҷагӣ дар давоми сол; андозбандӣ нагардидани истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ; набудани шабакаҳои самарабахши маркетинги маҳсулоти истеҳсолшаванда баррасӣ шуданд. Қазияҳо ва хусусиятҳои фаъолияти сохторҳои миёнарав баррасӣ шуда, тавсияҳо оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мавриди амал қарор дода шуданд.
Калидвожаҳо
хоҷагиҳои ёрирасон, соҳаи аграрӣ, ислоҳоти аграрӣ, моликияти умумӣ, моликият ба замин, дигаркунсозии институтсионалӣ, гаронии иҷтимоӣ, сиёсати монетарӣ, сиёсати фискалӣ, муносибатҳои оилавӣ, моликияти ҷамъиятӣ-соҳавӣ, ташкили истеҳсолот, сохторҳои миёнарав, беҳсозии муносибатҳои микроминтақавӣ, комплекси агросаноатӣ (КАС).
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Бабаджанов Д.Д., Абдуллоев З.Р. Развитие фермерского движения в Согдийской области: проблемы и перспективы. Худжанд, 2005. – 130 с.
2. Донахонов И.С. Аграрное предпринимательство в условиях рынка. – Душанбе 2010, – 23-35, – 59-61с.
3. Мадаминов А.А. Влияние совершенствования инфраструктуры села на устойчивое развитие сельского хозяйства. – Душанбе, НПИ Центр, 2001. – 8 с.
4. Назарова А.А. Основы агробизнеса.: Учебное пособие 2-е изд., переработанное и дополненное – Худжанд: Издательство «Вароруд», 2000. – 122 с.
5. Насиров Р., Шукуров И. Кооперирование дехканских (фермерских) хозяйств. Таджикский аграрный университет, в сборнике «Актуальные проблемы развития агропромышленного комплекса республики». Душанбе – 2000. – 25-26 с.
6. Раҳматзода Р., Қудратова Ф.Р. Ҷалби сармояи хориҷӣ асоси рушди соҳаи кишоварзӣ // Паёми молия ва иқтисод, 2021. – №3(27). – 7-13 с.
7. Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Суғд, 2016.
8. Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвилоти Суғд, 2022.
9. Фасеҳзода И.С. Иқтисодиёти агросаноатӣ ва муносибатҳои бозорӣ, – ДМИТ, Душанбе, – 2015с.
10. Шодиев К.Қ. Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ. // Китоби дарсӣ. Душанбе “Балогат” – 2020 с.
11. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1 августи соли 2012, №383) дар бораи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025». – 44 с.
12. Қудратов Р.Р., Турсунова М.И. Хусусиятҳои минтақавии рушди хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд. – Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ. -Душанбе, 2022.
Таърихи нашр
2026-03-28