МУҚОИСАИ ХУСУСИЯТҲОИ ИСТИЛОҲОТИ ИННОВАТСИЯ ВА ДИВЕРСИФИКАТСИЯ БАРОИ МАҚСАДҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Муаллифон

Авезова М.М.доктори илмхои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеджмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru
Мансурова М.Г.номзади илмхои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеджмен, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, m_88mansurova@mail.ru

Чакида

Дар мақола тавсифи муқоисавии равишҳои методологии муайян кардани моҳият ва мазмуни категорияҳои иқтисодии «диверсификатсия» ва «инноватсия» бо мақсади рушди устувор оварда шудааст. Дар асоси таҳлили андешаҳои пешниҳодшудаи муаллифон оид ба мафҳуми «диверсификатсия» се равиши асосии методологӣ муайян карда шудааст, ки дар асоси ба вучуд овардани навъхои нави фаъолияти иктисодӣ, кам кардани хавфхои миёнаи тичоратӣ, ба даст овардани самараи синергетикӣ асос меёбад. Хусусиятҳои хоси намудҳои диверсификатсия ва мувофиқати муқоисавии онҳо бо равишҳое, ки муаллифон оид ба муайян кардани категорияи иқтисодии инноватсия пешниҳод кардаанд, ошкор карда шудаанд. Дар асоси омўзиши мавқеъи равишҳои илмии муаллифон оид ба ошкор намудани моҳияти инноватсия чор хусусияти фарқкунандаро, ки бо роҳи ба вучуд овардани навъҳои нави фаъолияти хочагӣ, аз нав ташкил кардани сохтори идоракунӣ, таъмин намудани самараи иктисодиёт, дарёфт намудани роҳҳои нави илмй ба ҳисоб меравад. Самти ояндадори диверсификатсия дар асоси тағйироти инноватсионӣ амалӣ карда мешавад. Ин пайвасткунӣ боиси аз нав тақсим кардани сармояҳоро аз он намудҳои фаъолият, ки дорои афзалиятҳои рақобатии камтар мебошанд ба намудҳои ояндадори фаъолияти истеҳсолӣ, ки афзалиятҳои рақобатии пурзӯрро доро мебошад равона карданро ба назар мегиранд. Мувофиқатии натиҷаҳои ин категорияҳои иқтисодӣ муқоиса карда шуд. Хусусиятхои равишҳои илмиро оид ба мафҳумхои омӯхташаванда муқоиса намуда, қайд карда шуд, ки аз нуктаи назари «ба вуҷуд овардани навъҳои нави фаъолияти иктисодӣ» ҷорӣ намудани диверсификатсия ва инноватсия натиҷаҳои ҳаммонанд доранд. Намудҳои уфуқӣ ва муттамаркази диверсификатсия дар раванди амалишавӣ ба муносибати инноватсионии эҷоди намудҳои нави фаъолияти иқтисодӣ мувофиқат мекунанд. Натиҷаи чунин намудҳои омезиши равандҳои диверсификатсия ва инноватсия коркарди маҳсулоти нав ва тағирёфта барои пойгоҳи муштариёни мавҷуда, инчунин ба даст овардани бартариҳои нави рақобатӣ мебошад.

Калидвожаҳо

диверсификатсия, инноватсия, рушди устувор, хусусиятҳои истилоҳот, фаъолияти иқтисодӣ, равиши муттамарказ, уфуқӣ, конгломератӣ, амудӣ, кам кардани хавф.

Таърихи нашр

2026-03-28