МОҲИЯТ ВА МАЗМУНИ РАВАНДИ ШАКЛГИРИИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ

Муаллифон

Султонова Манзура Музаффаровнан.и.и., дотсент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sultanovam2403@gmail.com
Дадоҷонова Зебо Илҳомҷоновнадокторанти PhD соли 3-юми ихтисоси 6D050700-Мененҷмент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zebokhon98@list.ru

Чакида

Шаклгирии зернизоми инноватсионии минтақавӣ яке аз вазифаҳои асосии минтақаҳои муосир ба ҳисоб меравад. Дар шароити глобализатсия ва тағйироти доимии соҳаи иқтисодӣ, ташкили сохторҳои устувор ва рақобатпазири инноватсионӣ зарурӣ мебошад. Дар мақолаи мазкур муаллифон моҳият ва мазмуни шаклгирии зернизоми инноватсионии минтақавӣ, инчунин марҳилаҳо ва унсурҳои асосии ин равандро баррасӣ мекунанд. Муаллифон ҷанбаҳои асосӣ ба ташаккул ва рушди зернизоми инноватсионӣ дар сатҳи минтақа таҳлил намудаанд. Дар мақола баррасии равишҳои назариявии муосир ба таърифи мафҳуми "зернизоми инноватсионии минтақавӣ" ва ошкор намудани унсурҳои асосӣ, ки ба шаклгирии он таъсир мерасонанд, пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, нақши идоракунии давлатӣ ва механизмҳои танзимкунӣ дар равандҳои шаклгирии зернизоми инноватсионӣ муҳокима шудааст. Таҷрибаи минтақаҳои гуногуни хориҷӣ таҳлил гардида, тавсияҳо оид ба таҳияи стратегияҳои муассири ташаккул ва рушди зернизоми инноватсионии минтақавӣ пешниҳод карда шудаанд. Яке аз самтҳои рушди иқтисодиёт, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМР-2030) пешбинӣ шудааст, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ворид кардани технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад. Имконияти татбиқи равиши мукаммал ба технологияҳои инноватсионӣ тавассути ташкили зернизомҳои инноватсионии минтақавӣ пешниҳод мешавад. Муайян гардид, ки мафҳуми шаклгирии зернизоми инноватсионӣ маҷмӯи тамоми равандҳои инноватсионӣ мебошад, ки дар доираи минтақаҳои баррасишаванда ва берун аз он ҷараён мегиранд. Мазмуни унсурҳои таркибии зернизоми инноватсионии минтақавӣ ошкор карда шудааст, ки онҳо ҳамчун маҷмӯи унсурҳо, шароит ва омилҳои мутақобилан алоқаманд баррасӣ мешаванд. Онҳо ташаббускорӣ ва амалӣ намудани истеҳсол, паҳн ва истифодаи донишҳои навро таъмин намуда, ба рушди иқтисоди минтақа мусоидат мекунанд. Далел оварда шудааст, ки шаклгирии муваффақи зернизоми инноватсионӣ ҳамкории мувофиқ байни мақомоти давлатӣ, бахши тиҷоратӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин дастгирии фарҳанги инноватсионӣ ва соҳибкорӣ дар минтақа тақозо менамояд.

Калидвожаҳо

инноватсия, минтақа, низом, унсурҳо, зернизом, равандҳо, модел, рушди инноватсионии минтақа, мукаммалият, корхонаҳо, иқтисодиёт, субъектҳо, иқтидор.

Таърихи нашр

2026-03-28