РУШДИ СОХИБКОРЙ ҲАМЧУН ОМИЛИ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ САРМОЯИ ИНСОНЙ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақолаи илмӣ нақши фаъолияти соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди интақа баррасӣ шуда, тараққиёти он бо сармояи инсонӣ зич алоқаманд карда шудааст. Зеро сифати идоракунӣ ва назорат аз болои фаъолияти истеҳсолӣ, меҳнатӣ ва молиявии корхона ба дониш, таҷриба, салоҳият ва маҳорати соҳибкор вобаста аст. Аммо таҳлили омории минтақа аз истифодаи нисбатан бесамари захираҳои меҳнатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи баланди бекорӣ дар вилоят сабаби он аст. Аз ин рӯ, барои истифодаи самараноки сармояи инсонӣ дар сатҳи минтақавӣ барои ҳалли ин мушкилот чораҳои муайян андешидан зарур аст. Барои баррасии ин мушкилот ва дар заминаи он омилҳои асосие интихоб шудаанд, ки ба истифодаи самараноки сармояи инсонӣ бевосита таъсир мерасонанд ва боиси афзоиши шумораи корхонаҳои нав ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақа мегарданд. Барои таҳлил дар кор маълумотҳои омории ҷумҳурӣ истифода шуда, омилҳои асосӣ, аз қабили шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, намудҳои соҳибкорони инфиродй, шумораи корхонаю ташкилотҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳида муайян карда шудаанд. Омилҳои асосие, ки ба шумораи корхонаҳои нав таъсир мерасонанд, инчунин интихоб ва таҳлил ва муодилаи регрессионии бисёромила тартиб дода шудааст. Барои самаранок истифода бурдани сармояи инсонӣ, таъсиси корхонаҳои нав ё азнавсозии корхонаҳои мавҷуда бо мақсади зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ дар минтақа зарур аст. Таъсири шохиси сармояи инсонӣ ба афзоиши корхонаҳои нав таҳлил карда, муодилаи регрессионии бисёромила сохта шуд. Алоқамандии соҳибкорӣ ва индекси рушди сармояи инсонӣ муайян ва асоснок карда шудааст
Калидвожаҳо
сармояи инсонӣ, шохиси сармояи инсонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, соҳибкорони инфиродӣ, индекси рушд, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ҷойҳои нави корӣ, сатҳи шуғл, минтақа.
Таърихи нашр
2026-03-28