РАВИШҲОИ ТАСНИФОТИ ТАСВИРҲО БО ИСТИФОДА АЗ ОМӮЗИШИ МОШИНӢ

Муаллифон

Садриддинзода Некрузҷондокторанти PhD, кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, nekruzjons2000@gmail.com

 

Чакида

Дар мақола мавзуи таснифоти тасвирҳо, ки яке аз соҳаҳои асосӣ ва зуд тараққикардаистодаи биниши компютерӣ ва омӯзиши мошинӣ ба ҳисоб меравад, баррасӣ мегардад. Мақолаи зерин равишҳои гуногуни таснифро, шуруъ аз усулҳои содаи омӯзиши назоратшаванда то шабакаҳои нейронии конволютсионии самаранок дар доираи омӯзиши амиқ ҷамъбаст ва таҳлил менамояд. Таҳқиқи кори алгоритмҳои гуногун, ба монанди K-NN, SVM, Random Forest ва CNN дар ҳалли масоили муайяни таснифкунӣ, аз қабили таснифи меваҳо, ташхиси тиббӣ, шинохти ҳайвонот ва таснифи мавзуи тасвирҳо (манзара, шаҳр) анҷом дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки усулҳои муосир, хусусан омӯзиши амиқ, дақиқияти баландтаринро дар шинохти объектҳо таъмин менамоянд, ки ин амсоли дақиқии ташхиси равандҳои автоматикунонидашударо дар бар мегирад. Дар мақола, инчунин, татбиқи амалии ин технологияҳо дар соҳаҳои гуногун, аз тиб ва хоҷагии қишлоқ то муайянкунии объектҳо дар тасвирҳои моҳвораӣ ва таснифи автоматии пойгоҳи додаҳои визуалӣ баррасӣ мегардад. Мақолаи мазкур барои муҳаққиқон, муҳандисон, таҳиягарони барномаҳо ва корбароне, ки дар соҳаи биниши компютерӣ ва таҳлили тасвир фаъолият доранд, манбаи муфид ба шумор меравад.

Калидвожаҳо

омӯзиши мошинӣ, таснифот, омӯзиши назоратшаванда, шинохти тасвирҳо, таснифоти бисёрмақсад, ҷустуҷӯи тасвирҳо дар асоси мазмун, шинохти чеҳраҳо, шинохти матни дастнавис.

Таърихи нашр

2026-03-30