АВТОМАТИКУНОНИИ РАВАНДҲОИ ТАҲСИЛ ДАР МТОК

Муаллифон

Зарипова Малика Маруфҷоновнамуаллим-коромӯз, кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zaripovamalika12@gmail.com
Усмонова Маҳина Рустамовнан.и.п., мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, usmonovamahina1981@gmail.com

 

Чакида

Дар мақола истифодаи амалӣ ва имкониятҳои платформаи Google Classroom барои автоматикунонии равандҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баррасӣ мегардад. Ба истифодаи ин платформа дар таълими фанни "Технология ва забонҳои барномасозии интернетӣ" диққати махсус дода мешавад. Имкониятҳои техникии Google Classroom, аз ҷумла ҳамгироии он бо дигар хидматҳои Google, дастгирии форматҳои гуногуни маводи таълимӣ, дастрасӣ дар компютерҳо ва дастгоҳҳои мобилӣ ва қобили истифода барои омӯзгорону донишҷӯён таҳлил карда мешаванд. Самаранокии педагогии платформа бо назардошти иштироки донишҷӯён, сифати азхудкунии мавод ва фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни раванди таълим тадқиқ карда мешаванд. Мушкилоти асосӣ, аз қабили набудани воситаҳои техникӣ ва дастрасии маҳдуд ба интернет дар донишҷӯён баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли имконпазир, аз ҷумла истифодаи реҷаи офлайнӣ ва воситаҳои алтернативӣ пешниҳод карда мешаванд. Аҳамияти дигаргунсозии рақамии маориф дар Тоҷикистон дар доираи стратегияҳои миллӣ, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани дастрасии захираҳои таълимӣ нигаронида шудаанд, таъкид карда мешавад. Илова бар ин, таҳлили дурнамои рушди минбаъда ва ҷорӣ намудани чунин технологияҳои таълимӣ, таъсири онҳо ба ҳавасмандгардонии донишҷӯён, ҳамчунин нақши омӯзгор дар муҳити рақамӣ гузаронида шуд.

Калидвожаҳо

автоматикунонии равандҳои таълим, Google Classroom, таълими фосилавӣ, рақамисозии таълимӣ, самаранокии педагогӣ, таҳаввулоти рақамӣ, технологияи интернетӣ, иштироки донишҷӯён.

Таърихи нашр

2026-03-30