РАВИШҲОИ МЕТОДИИ АРЗЁБИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ МИНТАҚА
Муаллифон
Чакида
Дар мақола равишҳои методии арзёбии рушди инноватсионии корхонаҳо, ки татбиқи онҳо ба тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими мавқеи рақобат мусоидат мекунад, баррасӣ шудааст. Таҳаввулоти моҳияти рушди инноватсионии корхонаҳо ва равишҳои методии баҳодиҳии он шуруъ аз усулҳои оддии миқдорӣ то таҳлили бисёрҷанбавӣ нишон дода шудааст. Таҳлили интиқодии равишҳои мавҷудаи методӣ дар арзёбии рушди инноватсионии минтақа гузаронида шуд. Ин таҳлил нишон дод, ки дар байни равишҳои методии баррасишуда равиши маҷмӯавӣ рушди инноватсионии корхонаҳои саноатии минтақаро нисбатан пурра инъикос мекунад. Ҳангоми истифодаи охирин дар раванди арзёбии рушди инноватсионӣ ҳам нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳам сифатии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба назар гирифта мешаванд. Қисми таркибии равиши маҷмӯавӣ усули ҳисоб кардани индекси интегралии рушди инноватсионӣ мебошад, ки имкон медиҳад баҳодиҳии ҳамаҷонибаи сатҳи инноватсионии корхона бо истифода аз самтҳои асосӣ, ба монанди ҳиссаи маҳсулоти инноватсионӣ, шумораи технологияҳо ва патентҳои ҷорӣ, сатҳи сармоягузорӣ ба КИТКТ, дараҷаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои илмӣ, иқтидори кадрӣ гузаронида шавад. Бо истифода аз усули индекси интегралии рушди инноватсионӣ, фаъолияти инноватсионии ҶДММ "Фаровон", ки яке аз корхонаҳои пешрафтаи саноатии минтақа мебошад, арзёбӣ карда шуд. Тадқиқот сатҳи баланди рушди инноватсионии корхонаро ошкор кард. Ин натиҷа бо навсозии фаъоли технологияҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва эҷоди қарорҳои нав ва мукаммалтар вобаста аст.
Калидвожаҳо
рушди инноватсионӣ, арзёбии рушди инноватсионӣ, равишҳои методӣ, корхонаҳои саноатии минтақа, равишҳои низомӣ ва маҷмӯавӣ, равиши кластерӣ, усули интегралии рушди инноватсионӣ.
Таърихи нашр
2026-03-30