АЛГОРИТМҲО БАРОИ ТАҲЛИЛИ СИНТАКСИСИИ ҶУМЛАҲОИ СОДАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Муаллифон

Қодирова Хиромон Муродҷоновнаассистент, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, hiromon.pulatova@mail.ru
Довудов Гулшан Мирбаҳоевичномзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarif_dovudov@mail.ru

Чакида

Мақолаи мазкур ба рушди лингвистикаи компютерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Яке аз муаммоҳои асосии лингвистикаи компютерӣ ин коркарди забонҳои одӣ ва сатҳи коркарди таҳлили матн бо забони тоҷикӣ мебошад. Қайд карда мешавад, ки лингвистикаи компютерӣ як соҳаи забоншиносии амалӣ мебошад, ки дар он воситаҳои компютерӣ - барномаҳо ва технологияҳои компютерӣ, коркарди додаҳо барои тарҳрезии забони табиӣ барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода бурда мешавад. Фанни забони тоҷикӣ дар муассисаҳои миёнаву касбӣ ва мактабҳои олӣ яке аз фанҳои асосӣ маҳсуб ёфта, омӯзиши он ба таври кофӣ маҳорату донишандӯзии баландро тақозо менамояд. Имрӯз омӯзиши мошинӣ ҳамчун як ҷузъи зеҳни сунъӣ бо суръати хеле баланд рушд карда истодааст. Алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ қариб дар ҳама соҳаҳо истифода бурда шуда истодаанд. Зеро консепсияи барномае, ки бо таври автоматикӣ бо воситаи зеҳни сунъӣ мегузарад, хело ҷолиб аст. Дар мақолаи мазкур алгоритми таҳлили синтаксисии ҷумлаҳои содаи забони тоҷикӣ барои модули таҳлили синтаксисии автоматии ҷумлаҳои забони тоҷикӣ дида баромада шуд (ТСА).

Калидвожаҳо

лингвистикаи компютерӣ, ҷумла, синтаксис, таҳлили синтаксисӣ, омӯзиши мошинӣ, забони тоҷикӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Боярский К. К. Введение в компьютерную лингвистику. Учебное пособие. — СПб: НИУ ИТМО, 2013. — 72 с.

2. Кагиров И.А., Леонтьева А.Б. Автоматический синтаксический анализ русских текстов на основе грамматики составляющих // Приборостроение. 2008. № 11.

3. Кадырова Х.М., Солиев О.М. Средства автоматического анализа предложений таджикского текста // Сборник статей 2-ой республиканской научно-практической конференции «Управление качеством образования в высших профессиональных учебных заведениях Республики Таджикистан» посвященный 30-летию государственной Независимости Республики Таджикистан; стр 212-220., 2 июня 2021 года, г. Худжанд: ПИТ-ТУТ – Издание «Мехвари дониш», 298 с.

4. Қодирова Х.М. Сохтори ҷумлаҳои забони тоҷикӣ барои коркарди модули таҳлили автоматии синтаксисии ҷумлаҳо // Маводи конференсияи 2-юми илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Идораи сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; саҳ.92-96., 2 июни 2021, ш. Хуҷанд: ДПДТТХ – Нашриёти «Меҳвари дониш», 298 с.

5. Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М., Ашурова Ш.Н. Рушди лингвистикаи компютерӣ дар Тоҷикистон // Паёми ДПДТТ аз 2022с., саҳ 17-22.

6. Усманов З.Д., Довудов Г.М. Морфологический анализ словоформ таджикского языка: монография. – Душанбе: Дониш, 2015. – 132 с.

7. Усманов З.Д., Довудов Г.М. Формирование базы морфов таджикского языка: монография. – Душанбе: Дониш, 2014. – 109 с.

8. Усманов З.Д., Худойбердиев Х.А. Опыт компьютерного синтеза таджикской речи по тексту: монография. Душанбе. «Ирфон», 2010, 145с.


Таърихи нашр

2026-03-30