ЭЪТИМОДНОКИИ ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ ҲАВОГИИ 35 КВ ВОБАСТА БА ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР ШАБАКАҲОИ МИНТАҚА
Муаллифон
Чакида
Мақола ба таҳлили омилҳои техникӣ, табиӣ, истифодабарӣ ва беруна, ки ба боэътимодии хатҳои ҳавоии интиқоли барқи 35 кВ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, бахшида шудааст. Ҳадаф муайян кардани сабабҳои асосии коҳиши устувории шабака ва пешниҳод намудани роҳҳои амалии баланд бардоштани эътимоднокӣ аст. Усулҳо омӯзиши ҳолати техникӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ҷамъоварии маълумоти хизматрасонӣ ва арзёбии хавфҳои иқлимиро дар бар мегиранд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 70 фоизи хатҳо аз муҳлати хизмати худ гузашта, хавфи садамаҳоро меафзоянд. Омилҳои техникӣ ба фарсудашавии симҳо, зангзании арматура ва пастшавии изолятсия вобастаанд. Омилҳои табиӣ, аз қабили шамолҳои сахт, яхбандӣ, ярч ва сангрез, ба инфрасохтор таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Омилҳои истифодабарӣ аз сатҳи пасти нигоҳдорӣ, таъмири нокифоя ва маҳорати номуътадили кадрҳо вобастаанд. Омилҳои беруна, аз ҷумла сохтмонҳои худсарона, садамаҳои нақлиётӣ ва сӯхторҳо, боиси вайроншавии ногаҳонӣ мегарданд, ки навсозии таҷҳизот, истифодаи симҳои худнигоҳдорандаи изолятсияшуда (СИП), ҷойгузории сутунҳои мустаҳкам, санҷишҳои мунтазам ва ҷорӣ намудани мониторинги рақамӣ барои беҳсозии кори хатҳои 35 кВ зарур мебошад. Ин тадқиқот барои идораҳои энергетикӣ, муҳандисон ҳамчун асоси таҳияи барномаҳои рушди инфрасохтори барқ аҳамияти баланд дорад. Иҷрои тавсияҳо метавонад сатҳи бехатарӣ, коҳиши талафоти техникӣ, устувории таъминот ва самаранокии фаъолияти шабакаҳои вилояти Суғдро ба таври назаррас беҳтар гардонад ва барои рушди иқтисод мусоидат кунад.
Калидвожаҳо
хатҳои интиқоли барқӣ (ХИБ), хатҳои ҳавоӣ, эътимоднокии шабака, садамаҳои барқӣ, таъсири омилҳои техникӣ, омилҳои табиӣ, омилҳои истифодабарӣ, омилҳои беруна, таъминоти эътимодноки барқ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Доронина О. И., Шевченко Н. Ю., Бахтиаров К. Н. Оценка надежности воздушных линий электропередачи с учетом климатических факторов //Международный журнал прикладных и фундаментальных исследований. – 2015. – № 9-2. – С. 226-230.
2. Кондратьева О. Е. и др. Выявление климатических факторов, влияющих на надежность воздушных линий электропередачи //Управление качеством на этапах жизненного цикла технических и технологических систем. – 2019. – С. 373-377.
3. Лопатин Е. И. Совершенствование технического состояния сельских электрических распределительных сетей напряжением 0, 38… 10 кв (на примере Рязанского региона). – Москва. – 2012.
4. Одирматова У. Б. Структура и характеристика потерь электроэнергии на ВЛЭП наряжением 35 кВ региона //Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2020. – №. 3. – С. 37-43.
5. Чоршанбиев С. Р. Повышение эффективности функционирования электрических сетей с распределенной солнечной генерацией за счет снижения технических потерь электроэнергии (на примере Республики Таджикистан). Диссертация на соискание ученой степени кандидата наук. –2019.
6. Щедрин В. А., Тошходжаева М. И. Влияние солнечной радиации на надежность воздушных ЛЭП напряжением 110 кВ (на примере Согдийской электрических сетей) //Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2016. – №. 1. – С. 97-100.
Таърихи нашр
2026-03-31