АМСИЛАҲОИ ИҚТИСОДИИ РУШДИ БОЗОРИ ТАЪМИНОТИ ОБ: ИМКОНИЯТИ ТАТБИҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи амсилаҳои иқтисодии рушди бозори таъминоти об ва таҳлили имконияти татбиқи онҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Таъминоти об ҳамчун бахши стратегӣ, ки ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешрафти саноат, хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад, баррасӣ мегардад. Дар мақола равишҳои асосии ташкили бозори хизматрасониҳои об — модели давлатӣ, низоми коммуналӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва сохторҳои хусусигардонидашуда — бо таваҷҷуҳ ба самаранокии иқтисодӣ, сиёсати тарофавӣ, механизмҳои ҷалби сармоя ва идоракунии хавфҳо шарҳ дода шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба таҳлили ислоҳоти хориҷӣ дар соҳаи таъминоти об равона шудааст, аз ҷумла озодсозии бахши коммуналӣ дар Аврупо, татбиқи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, инчунин истифодаи воситаҳои танзими иқтисодӣ ва бенчмаркинг. Дар мисоли кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Британияи Кабир, Нидерланд ва давлатҳои Скандинавӣ механизмҳои муосири ташаккули тарифҳо, равишҳои таъмини устувории молиявии корхонаҳои таъминоти об, моделҳои коҳиш додани хароҷот ва оптимизатсияи инфрасохтор баррасӣ мегарданд. Паёмадҳои иқтисодии механизмҳои бозорӣ, ба монанди тағйирёбии сохтори хароҷот, хавфи табақабандии иҷтимоӣ, таъсири сармоягузорӣ ба сатҳи тарофаҳо, иқтидори баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии фаъолияти соҳа муайян карда шуданд.
Калидвожаҳо
моделҳои иқтисодӣ, бозори таъминоти об, инфрасохтори таъминоти об, сиёсати тарофавӣ, сармоягузорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, идоракунии устувор, таҷрибаи хориҷӣ.
Таърихи нашр
2026-03-31